Саноати филмофаринӣ на ҳамеша судовар аст, аз ин рӯ, таҳиягарони он гоҳе хисороти молиявии ҷиддӣ ҳам мебинанд.
Маҷаллаи интернетии «Дедлайн Ҳолливуд» (ИМА) рӯйхати зараровартарин филмҳои соли 2022-ро интишор дод, ки дар садри он филми тасвирии фантастикии «Дунёи аҷиб» («Strange World») қарор дорад. Ширкати синамоии «Walt Disney Pictures» дар маҷмуъ, барои истеҳсоли он 317 миллион доллари ИМА харҷ кард, вале дар намоиши ҷаҳонӣ филм ҳамагӣ 120 миллион доллар ҷамъ овард.
Дар натиҷа, зарари ширкат 197 миллион доллар шуд. Гуфта мешавад, ки сабаби ба ин андоза зарар дидани филми тасвирии «Дунёи аҷиб» барои таҳиягарон муаммо боқӣ мемонад, зеро он аз ҷониби мунаққидон, асосан, баҳои мусбат гирифта буд.