Субҳи имрӯз ба мо навори видеоиеро ирсол гашт, ки аз занозании ду мусофир дар дохили нақлиёти мусофирбар гувоҳӣ медиҳад. Таврк ки дар навор дида мешавад ду ҷавон дар автбус бо якдигар баҳсу мунозира намуда, билохира аз гиребони ҳамдигар мегиранд.
Моҷаро аз нос туф кардани яке аз он ҷавонон дар дохили автобус сар мезанад. Ҷавони дигар, ки нисбатан бомаданияттар ба назар мерасад, кӯшиш мекунад, ки нодуруст будани рафторашро ба ҷавон фаҳмонад, вале ӯ сахт ба ғазаб омада, ба дағалӣ ва дашному ҳақорат сар мекунад. Ҳамин тавр байни ду ҷавон оташи баҳсу мунозира аланга мезанад ва кор қариб то занозанӣ мерасад, вале хушбахтона мусофирони дигари автобус ба байн даромада, онҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.
Мутаасифона, чунин ҳодисаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тез-тез рӯй дода аз торафт паст шудани маърифати иддае аз ҷавонон дарак медиҳанд. Хонандагони азиз!
Оё нос туф кардан, донаки офтбпараст хоидан ва сигор кашидану хокистари сигорро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ партофтан аз рӯйи одоб аст?
Барои пешгирии чунин амалҳои ношоиста чи бояд кард?
Илтимос, назари худро дар шарҳи мавод нависед!
(Хабар аз рӯи видеои сайти https://tojikona.com омода шуд)