Кормандони пулис дар Петербург дар рафти амалиёти навбатии худ зиёда аз 20 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ошкор намудаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Россия кору зиндагӣ мекарданд.
Ҷангу ҷанҷол ва занозании як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ дар як базаи истеҳсолӣ дар кӯчаи Салови Петербург боиси он гашт, ки кормандони пулис ба ин корхона сар халонда, дар рафти амалиёти худ шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатиро ошкор намоянд, ки дар қаламрави Россия бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба таври ғайри қонунӣ кору зиндагӣ мекардаанд. Дар ин бора “Комсомольская правда” хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки кормандони пулис ҳуҷҷатҳои зиёда аз 100 нафар муҳоҷирони меҳнатиро, ки дар корхонаи мазкур кор мекарданд, тафтиш намуда, дар рафти амалиёт ҳолатҳои зиёди қонуншиканиро ошкор кардаанд.
Ба иттилоъи намояндагии Раёсати корҳои дохилии Россия дар Петербург дар рафти ин амалиёт зиёда аз 20 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки қонунҳои муҳоҷиратии Россияро вайрон карда, бидуни ҳуҷҷатҳои лозима кор мекарданд, ошкор карда шудаанд ва нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад.