Sebiston new 2024 october
Занонро исқоти ҳамл кунӣ ба дӯзах меафтӣ?
1490


Ман духтури бемориҳои занона ҳастам ва дар таваллудхона кор мекунам.

Ҳамарӯза занони зиёде барои исқоти ҳамл намудан ба мо муроҷиат мекунанд (ба сабаби шароити душвори зиндагӣ, серфарзандӣ, бе никоҳ ҳомила шудан, бад будани саломатӣ… ) Ҳамли зан, агар то 12-ҳафтаина бошад, мо онро исқот мекунем ё бо кӯмаки ҳабҳои махсус меафтонем. Аксаран пас аз ин амал ман худро ноҳинҷор ҳис мекунам, ҳарчанд ин амал бо хоҳиш ва ризоияти ин занон анҷом дода мешавад. Мехостам назари дини исломро дар ин бора бидонам.
Духтури занона.

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш

Исқоти ҳамл аз нигоҳи дини мубини ислом дуруст нест, зеро шариат ҳатто зоеъ кардани нутфаро ҷоиз намешуморад. Инсон молики ҷисми худ нест ва ҳаққи қатъ намудани як узви худ ва ихтиёри қатли худро надорад. Аз ин ҷиҳат, агар фарде ин амалро ба фарди дигаре анҷом диҳад, шариат онро гуноҳ мешуморад. Дар масъалаи исқот, агар дар ҳамл аломати ҳаёт эҳсос шавад, зоеъ намудани он ҳаром аст, агар қабл аз намоён шудани ҳаёт зоеъ шавад, боз ҳам ноҷоиз аст, зеро як ҳиссаи ҷисми он зан пиндошта мешавад, ки қатъ намудани он ҷоиз нест. Танҳо дар ҳолати зарурат, агар ҳомиладорӣ ба ҳаёти модар хатари ҷиддӣ дошта бошад, исқоти он ҷоиз аст. (“Фатовои Қозихон”, ҷ. 4, с. 381-382)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД