Занҳои кӯдаки хурдсол дошта чӣ имтиёзҳо доранд?
20.11.2025
Oila.tj
146

Шунидам, ки занҳои ду-се фарзанди хурдсол дошта, ки модари танҳо мебошанд, ҳуқуқ доранд як соат пештар аз кор бароянд. Ин гап ягон асос дорад ё не?

Ҷавоб:

- Бале, мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои занони соҳиби фарзандони хурдсол як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо, аз ҷумла дар мавриди соати корӣ ва аз кор бармаҳал ҷавоб додан пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла:

- Барои ғизодиҳии кӯдак (кӯдакони то якунимсола):

Ба занҳое, ки кӯдаки то якунимсола доранд, ба ғайр аз танаффусҳои умумӣ барои истироҳат ва хӯрокхӯрӣ, инчунин танаффусҳои иловагӣ барои ғизодиҳии кӯдак дода мешавад.

Ин танаффусҳо ҳар се соат, ҳар яке на камтар аз 30 дақиқа дода мешаванд. Агар зан ду ва зиёда фарзанди то якунимсола дошта бошад, давомнокии танаффус на камтар аз 1 соат муқаррар карда мешавад. Ин танаффусҳо ба вақти корӣ дохил карда мешаванд ва аз ҳисоби миёнаи музди меҳнат пардохт карда мешаванд.

- Бо дархости зан, танаффусҳо барои ғизодиҳии кӯдак метавонанд ба танаффуси хӯрокхӯрӣ ҳамроҳ карда шаванд ё ба охири рӯзи корӣ гузаронида шаванд ва дар ин ҳолат, давомнокии рӯзи корӣ (смена) ба муддати ин танаффусҳо кӯтоҳ карда мешавад. Ин маънои аз кор барвақттар ҷавоб шуданро дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД