Рӯзи гузашта дар дохили троллейбус шоҳиди гуфтугӯи ду ҷавон гашта, қарор додам, ки ин мавзуъро пайгирӣ менамоям, зеро вақтҳои охир он ба дарди ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Ҷавонҳо тақрибан 20-22 -сола буданд ва яке бо даҳони то бехи гӯш кушода ба дигарӣ дар бораи ишқварзиаш бо зани шавҳардоре нақл мекард. Ҳисси кунҷковӣ, ки хоси мо, журналистон аст, маро ба он водор намуд, ки ба ҷавони занбоз наздик шуда, ба суханонаш гӯш андозам. Ҷавон аз одамон заррае ибо накарда мегуфт: “Қати як занак телефонӣ шинос шидум, аввал худша духтарак гуфт, баъд свидания рафта фаҳмидум, ки бева шӯ доштай. Се сағера дора, неки беваи баевой будай. Ҳафтаи дигар мардакуш барои личении кӯдакош пул равон мекардай. Ваъда дод, ки пула бигира, манда 400 сомониша метия. Афтуш безеб бошаям, хотири пул катиш гап зада истодам. Ай пулои шуш 400 сомонӣ тия, баъд бевара кидат мекунум...” Ба суҳбати ҷавонон ҳамроҳ шуда пурсидам, ки пул ба ӯ барои чӣ лозим аст. Ҷавон “айфон мехарум” гуфта, табассуми хунуке кард. Табъам хира гашта аз троллейбус фаромадам ва ба худ қарор додам, ки ҳатман сари мавзӯи сабабҳои бо мардони бегона робита намудани занҳои шавҳардор назарпурсӣ мегузаронам. Давоми як ҳафта ман ба одамони гуногун бо ин савол муроҷиат намудам ва инак, андешаҳои онҳоро пешкаши шумо, хонандагони азизи “Оила” мегардонам. Мабодо шумо ҳам бо чунин занҳо рӯ ба рӯ омада бошед, метавонед фикру андешаҳоятонро сари ин мавзуъ навишта ба редаксия фиристед!
Фотима, зани 53- сола:
Зан ба роҳи бад меравад, агар...
Ман занҳои ошиқбозро сафед карданӣ нестам, лекин мардҳо ҳам чандон мусичаи бегуноҳ нестанд. Мард, ки бепарво шуду зану фарзандонашро аз хотир баровард, зан метавонад ба роҳи бад равад, чунки вай ҳам одам аст ва нафс дорад. Сарфи назар аз синну солаш зан ба меҳрубонӣ ниёз дорад ва аз шавҳараш, ки меҳрубонӣ надид, онро дар ҷойи дигар меҷӯяд. Қисмати зиёди занҳо ба тақдир тан дода, аз корҳои бад худдорӣ мекунанд, вале занҳое низ ҳастанд, ки лаҷоми нафсашонро кашида натавониста бо мардҳои бегона ошно мешаванд. Ду домоди худам зану се чор кӯдакиашонро дарди сари ман карда чандин сол боз Русияро пушт кардаанд. Рӯзҳое мешавад, ки нон намеёбам, ки шиками набераҳоямро сер кунам. Духтарҳоям на савод доранд ва на ягон ҳунар, ки шиками худу бачаҳояшонро сер кунанд. Аробаи зиндагиро бо пенсияи ману аробакашии писарам пеш бурда истодаем, вале ба ҳаминаш ҳам шукр гуфта, Худоро зорӣ мекунам, ки ба духтарҳоям тавфиқу инсоф диҳад, то ба ягон роҳи бад нараванд. Духтарҳоямро шӯ додам, ки аз як бало халос шавам, акнун шаш- ҳафт балои дигар дарди сараш шудааст, чӣ кор кунам хоҳарҷон?!
Савсан, дӯзанда:
Як ҳафта шавҳар доштам
Пас аз як ҳафтаи арӯсиамон домоди очам барои кандани қарзи тӯй ба Русия рафту бо ҳамин се соли дароз бе ному нишон гум шуд. Арӯсиям бо ғаму ғусса хӯрдан паси сар шуд. Шавҳарам марди урусфеъл буда, духтарҳои лучакро дӯст медорад. Ҳамеша бо телефон маро қишлоқӣ гуфта паст мезанаду мегирёнад. Кайҳо аз баҳри чунин шавҳар гузашта баромада мерафтам, вале модарам “қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад” гӯён, маро мудом насиҳат мекунад, ки ба тақдир тан дода, сари кафида зери тоқӣ гуфта дар хонаи хушдоманам шинам, чунки баъди шӯ карданаш духтар дигар дар хонаи падар намеғунҷад. Аксарият бо марди бегона робита доштани занеро шунаванд, фақат занро гунаҳкор мекунанд, ки шӯ дораду бо марди дигар мегардад, вале фикр намекунанд, ки зан ҳам одам аст ва дилаш меҳру муҳаббат мехоҳад. Косаи сабри зан уқёнуси ором нест ва хоҳ-нохоҳ рӯзе лабрез мешавад.
Камол, муҳоҷир:
Арӯсам “подводит” кард
Дар тақдират шармандагӣ навишта шуда бошад, саратро ба санги осиёб занӣ ҳам, оқибат шарманда мешудаӣ. Ман се сол дар Россия кор карда пул ҷамъ кардаму бо хоҳиши падару модарам духтари як хеши наздикамонро ба занӣ гирифтам. Азбаски ҷойи кори хуб доштам, хоҳиш кардам, ки чипта харида арӯсро ба наздам фиристанд. Волидонам дар Ватан ба хешу табор ошу нон доданду баъд арӯсро бо самолёт ба назди ман гусел намуданд. Дар мулки ғариб як дегча ош пухта, никоҳи мусулмонӣ карда, оиладор шудем. Ман дар як хонаи сеҳуҷрагӣ бо чанд тоҷики дигар иҷора менишастам ва сари субҳ ба кор рафта, нимаҳои шаб ба хона бармегаштам. Пас аз ду моҳ фаҳмидам, ки занам бо як тоҷикбачаи аз худаш шаш сол хурд ошно шуда, рӯзи дароз дар иҷорахона бо ишқварзӣ машғул будааст. Дарҳол талоқашро дода кафшҳояшро пеши пояш мондам. Падару модарам мехоҳанд маро боз бо ягон духтари тоҷик хонадор кунанд, вале росташро гӯям, дилам аз ҷинси зан тамоман мондааст. Зан бигирам ҳам, ин дафъа зани рус мегирам.
Ҳусноро, хонашин:
Мардҳо, зани босавод бигиред!
Мардҳои тоҷик як одати бад доранд, панҷ-шаш фарзандро дарди сари зан карда, худашон бо баҳонаи набудани ҷойи кор ба Русия мераванду бо ҳамин дигар ёди хонаву дар намекунанд. Фикр намекунанд, ки хӯрондану пӯшондани шаш-ҳафт бача ба як зани муштипар душворӣ мекунад. Аксари занҳое, ки бо мардони бегона робита барпо кардаанд, ин корро аз ноилоҷӣ мекунанд, то шиками бачаҳояшонро сер кунанд, чунки шавҳарашон дар чанд моҳ як бор пул мефиристад ё умуман ёди зану фарзандонаш намекунад. Мардҳо мулки бегонаро пушт накунанд ё ақаллан зани босавод бигиранд, боварӣ дорам, ки чунин ҳодисаҳо хеле камтар мешаванд, вале бадбахтӣ дар он аст, ки бачаҳои тоҷик аз духтарҳои хондагӣ қимоб ҳастанд. Духтарҳои саводу касбу ҳунар надоштаро ба занӣ гирифта, баъд партофта мераванд, вале чун ҳамсарашон хиёнат кард, фиғонашон ба фалак мепечад. Шавҳараш таъмин накунад, зан касбу ҳунар ва ҷойи кор надошта бошад, албатта аз ночорӣ ба роҳи бад меравад-да!
Адолат, гадозан:
Гадо шудам, вале фоҳиша не!
Шавҳарам маро бо се духтарам партофта Россия коркунӣ рафт. Азбаски касбу кори аниқ надорам, маҷбур рӯ ба гадоӣ овардам. Мардҳои бегона баъзан ба сӯям чашм ало карда “хушрӯй будаӣ, биё равем, пули калон медиҳам” мегӯянд, вале ман ба шавҳарам хиёнат намекунам, чунки аз Худо метарсам. Дар хонаи бародарам ҳастам, янгаам ғурбат кунад ҳам, гӯшамро ба карӣ зада худро ношунида вонамуд месозам. Дигар чӣ кор кунам, охир хушдоманам “шут пул роӣ намекунад, мо ишками туву духтарота сер карда наметавонем” гуфта, маро аз хонааш пеш кард. Рӯзи сахту ҳоли зор дошта бошам ҳам, шукри Худо то имрӯз ба роҳи бад нарафтаам.
Музаффар:
Худо ба зан инсоф диҳад, вагарна...
Занро, агар инсофу имонаш заиф бошад, мард ҷонашро барои оилааш фидо созад ҳам, фоида намекардааст. Инро ман аз таҷрибаи зиндагии худам мегӯям. Ба хотири ду гулписарам ҳар моҳ ба хона қариб шашсад-ҳафтсад доллар пул мефиристодам, то зану фарзандонам азоб накашанд ва аз касеву чизе кам набошанд, аммо... Ҳамсари шаҳватпарастам дар хонаи бо обилаи кафи даст сохтаам бо мардҳои бегона айшу ишрат намуда, ба ман хиёнат мекардааст. Пештар гумон мекардам, ки душманон ин гапҳоро барои вайрон кардани зиндагии оилавии ман бофта баровардаанд, вале тарпочагии занам исбот шуда, дилам аз оламу одам ях барин хунук шуда монд. Занам гушна ё танаш бе либос мебуд, ин қадар аламам намекард, вале ман ӯро шоҳбону барин зебо мепӯшондам ва гули чизро барояш мефиристодам. Занро беҳуда “мӯйдарози ақлкӯтоҳ” намегуфтаанд, агар чунин намебуд, ҳамсари ман хонаи обод ва зиндагии поку ҳалолашро ба хотири кадом як буққаи бадзот ҳаром намекард. Ҳамсарамро дӯст медоштам, вале хиёнаташро бахшида натавонистам. Талоқашро ҳамон замон дода, фармудам, ки ӯро аз хона пеш кунанд. Ҳоло дар Русия бо як зани рус зиндагӣ мекунам ва ба худ қавл додаам, ки дигар ҳаргиз зани тоҷик намегирам.
Савлатбӣ:
Зан гов нест, ки бо алаф сер шавад
Мардҳо гумон доранд, ки ба зан танҳо хӯроку либос лозим асту бас, вале ин андеша комилан ғалат аст. Зан гов нест, ки ба ҷуз коҳу алаф дигар парвои ягон чиз надошта бошад. Зан одам аст ва мисли мард дилаш меҳрубонию навозиш мехоҳад. Барои зан ҳатто аз пул ва зару зевар дида, сухани хушу меҳру муҳаббат муҳимтар аст. Вақте мард нисбати ҳамсараш меҳрубонӣ намекунад, дили зан аз зиндагӣ хунук мешавад. Мард занро табъи дил меҳрубонию навозиш кунад, зан чунон нерӯ мегирад, ки метавонад куҳро зада талқон созад. Мард, агар хоҳад, ки занаш ба ҷуз вай дигар касеро набинад, бояд нисбати зан чунон меҳрубон бошад, ки ӯро бо гармии оғӯшаш обу адо созад. Меҳрубонии мардро дида зан мисли гул мешукуфад, зебо мешавад, вале шавҳар бемеҳру дағал бошад, зан мисли ташнае, ки дар биёбон роҳгум задааст, дар зиндагӣ роҳгум зада, по ба роҳи хато мениҳад.
Барои ҳамин мардҳоро лозим аст, ки нисбати ҳамсарашон меҳрубону ғамхор бошанд