Салом! Заррина ҳастам, сокини маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе. Ман дар курси якуми донишгоҳ таҳсил мекунам ва мехоҳам ба мисли дигар духтарони ҳамсабақам абрувонамро чидаву мӯйҳои зиёдатии дасту пойҳоямро нест карда, зебову олуфта шуда ба дарс равам. Модарам зид нестанд, вале бибиам маро сарзаниш карда мегӯяд, ки қошчинӣ убол аст ва духтаре, ки абрувонашро мечинад, фардои қиёмат ба ғазаби худованд гирифтор шуда, ба дӯзах меафтанд. Ҳайронам, охир дар замони мо ҳама занону духтарон қош мечинанд. Наход, ки ҳамаи онҳо дӯзахӣ бошанд?
Заррина, ш. Душанбе
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Бибиатон дуруст мегӯянд, дар ҳақиқат ислом чидани қош ва миҷгонро ба занону духтарон манъ кардааст, вале чидани мӯйҳои зиёдатӣ мумкин аст, агар ба саломатии инсон зарар нарасонад.