Маркази тиҷоратии Global Harbour дар Шанхай ба мизоҷони худ хизматрасонии нав пешкаш мекунад. Акнун занҳо метавонанд ҳамсарони худро, ки ба харид тоқат карда наметавонанд, дар "ҳуҷраи қулф" гузоранд.
Газетаи маҳаллии «Папер» дар бораи ин воситаи нав хабар дод. Ба навиштаи нашрия, дар маркази тиҷоратӣ чанд камераи шишагӣ насб шудааст, ки дар онҳо "шавҳарони норозӣ вақт мегузаронанд”. Дар дохили ҳар як камера як курсӣ ва компютер мавҷуд аст. Ҳоло муштариён метавонанд аз ин хадамот ройгон истифода баранд, аммо дар ояндаи наздик онҳо бояд маблағи ночизе пардохт кунанд, то шавҳарашонро дар камера нигоҳ доранд. Ин корро тавассути телефон кардан мумкин аст.
Ба гуфтаи «шавҳарони норозӣ», ки алакай “камераҳоро санҷидаанд”, ин тасмими аҷиб аст. Яке аз онҳо гуфтааст, ки ин мисли бозгашт ба мактаб аст. Дигаре низ аз ин идея хушнуд шуда, аммо набудани вентилятсия ё кондитсионерро қайд кардааст.
Албатта, "камераҳо"-и шишагӣ алакай мавзӯи баҳс дар шабакаҳои иҷтимоии Чин шудаанд. Шарҳҳо хадамотро танқид намекунанд, аммо дар ин бора алакай шӯхиҳои зиёд ба вуҷуд омадаанд.