Як зани тоҷикро бераҳмона куштанду зани дигарро корд заданд!
Боз чанд тифлаки бегуноҳ якумра аз модар ҷудо ва ятим гаштанд!
Боз ду хона мотамсарой гашт!
Боз хун рехт! Хуни тоҷик!
Аз чашми падару модар ва хоҳару бародарон боз ашк мерезад!
Ашки ғам!
Ашки алам!
Ашки талхи ҷудоии абадӣ...
Ду ҳодисаи нангин дар се рӯз!
Дар байни 36-соат риштаи умри як зани тоҷикро бераҳмона буриданд, зани дигар аз дасти шавҳар захми корд хӯрд.
Ҳодисаи аввал дар ҷамоати Норини Ёвон рӯй дода, хурду калонро ба ваҳшат овард. Дар рафти ҷангу ҷанҷоли оилавӣ аз ҳиссиёти рашк як марди ёвонӣ бо исми Қарақулов Урозбек бо корди хоҷагӣ ҳамсари 32-солааш Бибихолро бераҳмона кордборон кард.
Замин дар як лаҳза аз хуни ин зани тоҷик лолагун гашт ва Бибихол мисли кабӯтари сафеди тирхӯрда ғарқа дар хуни худ чанд маротиба беҳолона тапида, ҷон ба ҷонофарин супурд.
Бо ин амали нангинаш Урозбек натанҳо ҳаёти худ ва ҳамсарашро сӯхт, балки се фарзанди бегуноҳашро ҳам ба азоби ятимӣ гирифтор намуд. Бибихоли ҷавонмарг сар дар халтаи кафан печида ба зери хоки сард рафт, шавҳари қотилашро бошад, бо дастони завлоназада ба маҳбас бурданд. Акнун се кӯдаки бе гуноҳро кӣ парасторӣ хоҳад кард?!
Ҳамагӣ 36 соат пас боз як зани тоҷик гирифтори хушунат гашт ва кам монда буд, ки ҷони ширинашро аз даст диҳад. Ин дафъа як марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодомӣ якбора “пӯстинашро чаппа пӯшида” бо корд ба ҳамсари 36-солааш ҳамла намуд ва пай дар пай ба гардани занаш ду корд зад.
Хушбахтона, табибон тавонистанд ҷони ин занро аз марг наҷот бахшанд, аммо ба гумон аст, ки захмҳои вазнини корди шавҳар ба зудӣ шифо ёбанд....
Ман ҳайронам, ба мардони тоҷик чӣ шудааст, ки мисли қассоб бо корду табару теша ба ҳамсар, модар, хоҳар ва духтарони худ ҳамла намуда, қасди ҷони занон менамоянд?
Замоне Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Камолу Бедил ва дигар абармардони адабиёти тоҷик занро ба фаришта барбар намуда, дар ситоишаш садҳо шеъру ғазалу достонҳои олиҷаноб месуруданд, аммо дар асри ХХ1, дар замоне, ки ҳуқуқи зану мард баробар гаштааст, иддае аз ворисони тирадили эшон бар сари зан даст бардоштанро камоли мардонагӣ мешуморанд.
Таҳқир кардан, задан ва озор додани зан барои ин тоифаи мардон як амали маъмулӣ гашта, барои кӯчактарин хато ё гуноҳ ҳамсар, хоҳар ва ҳатто модари худро хеле бераҳмона ҷазо медиҳанд. Ҷаҳли аблаҳонаи чунин мардони муштзӯр аксаран боиси сар задани ҳодисаҳои басо нохуш ва ваҳшатангез гашта, хонаеро мотамсаро, модареро аз фарзанд ҷудо, тифлакони бе гуноҳро ятим месозанд.
Муҳимтар аз ҳама риштаи умри зан, ки оташафрӯзи оташкадаи зиндагӣ ва чароғи хонадон аст, ҳамагӣ дар байни чанд лаҳза ба таври фоҷиавӣ канда мешавад.
Занҳои тоҷик ба хотири шавҳар, ба хотири фарзанд, ба хотири оила тайёранд, ки ҳама чизро қурбон созанд. Чанд захми пай дар пайи корд бо баҳонаи рашк! Магар ҳамин аст подоши ҷонфидоии зан?!