Марина ном зане тариқи Интернет бо ман шинос шуд. Як сол бо ҳам гап задем. Марина хоҳиш намуд, ки ба Русия ба наздаш равам. Беандешагӣ карда роҳи мулки бегонаро пеш гирифтам.
Ба падару модарам дурӯғ гуфтам, ки як дӯстам дар Русия кори хуб ёфтаасту маро даъват карда истодааст. Хурсанд шуда дуои некам доданд. Марина маро дар фурудгоҳи Домодедов пешвоз гирифт. Ӯро аз наздик дида бештар волаю шайдояш гаштам. Марина бо гапҳои ширин маро чунон афсун кард, ки чи тавр шабро дар оғӯшаш саҳар карданамро нафаҳмида мондам. «Это моя квартира, будешь здесь жить, любимий, я не хочу тебя терять, до конца жизни не отпущу тебя» пичирос мезад маъшуқаи русам дар бехи гӯшам ва ман аз ин суханон пару бол мебаровардам. Марина намегузошт, ки ҳатто барои ҳавохӯрӣ ба берун бароям. «Всё что тебе нужно, я сама принесу» гӯён, ҳар рӯз нӯшокиҳои спиртӣ, шаробу виною конякҳои гаронбаҳо меовард. Масту махмур шабҳоро бо кайфу сафои пургуноҳ саҳар мекардем. Рӯзе Марина маро аз хоб хеле барвақт бедор карда субҳона доду гуфт: «Сейчас поедем на дачу моего отца, там я представлю тебя как своего мужа. Будешь делать как я скажу!»
Ҳуш аз сарм парид. «Занҳои русро дар ҳила гум мегуфтанд, рост будааст-да!» мегуфтам худ ба худ ва ангушти ҳайрат мегазидам. Марина ба нею нестонам нигоҳ накарда, маро ба мағоза бурд ва либосҳои қимматбаҳо харида пӯшонду ба бӯстонсаро бурд. Бародарон ва падараш моро муборакбод мегуфтанд. Ҳайратам бештар афзуд, ки чӣ гап бошад. Баъд фаҳмидам, ки он рӯз тӯйи ману Марина будааст. Тасаввур кунед, бача зан мегираду худаш бехабар аст! Марина аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, вале чеҳраи маро абри ғам тира карда буд. Аз он ки бо ин зани албастӣ ошно шуда худамро бо дасти худ ба дом гирифтор намудам, сахт пушаймон будам, вале кор аллакай аз кор гузашта дигар барои ман ягон роҳи наҷот набуд. Ҳамин тавр Марина маро бо фиреб аз худ карда гирифт. Зиндагиамонро се сол мешавад, вале ман барои ин кораш то имрӯз ӯро бахшида наметавонам. Ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки занамро дӯст дорам, намешавад, ба ҷойи ишқу муҳаббат дар дилам оташи нафрат аланга мезанад. Мехоҳам аз хонааш фирор намуда ба Ватан баргардам, вале занам дар ҳама кунҷу канори хона камераҳои пинҳонӣ монда, тамоми роҳҳоро барои ман бастааст. Намедонам боз чанд вақт ғуломи ин зани ҷодугар мемонам, вале аз кулли муҳоҷирони тоҷик хоҳиш мекунам, ки мисли ман аҳмақӣ карда дар Русия зан нагиранд. Ба доми зани рус афтида, ҳаётам сӯхт гуфтан гир!
Аҳлиёр, аз ш. Москва