Маъмулан, занон зери шиканҷа ва лату кӯбӣ шавҳару аҳли хонавода қарор мегиранд, вале вақтҳои охир занҳои муштзӯре низ пайдо шуда истодаанд, ки ба сари хушдоман, хоҳаршӯй ва ҳатто шавҳарашон даст мебардоранд.
Далели равшани ин гуфаҳо рафтори як зани 28-солаи сокини ноҳияи Восеъ мебошад, ки шояд алови чашми ҳамсарашро гирифтанӣ шуда, марди худро бераҳмона лату кӯб намудааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зани 28-солаи сокини ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлон бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар хабар додааст.
Ҷавонзан дар лату кӯбӣ ҳамсараш гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилоъи манбаъ, ҳодиса рӯзи 2-юми июн дар кӯчаи Р. Амакии пойтахт сар зада, тахминан соатҳои 18.00-и бегоҳ байни ин зан ва шавҳари 21-солааш дар манзили иҷораашон баҳсу мунозира ба миён омадааст. Дар ҷараёни моҷарои оилавӣ зан шишаи оинаи хонаро шикаста, бо ҳамон шишапораи тез ду маротиба ба бадани шавҳараш мезанад. Дар натиҷа мард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуд. Акнун зани муштзӯр барои амали содир намудааш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.