Паҳлавонбача
Саид дар яке аз деҳаҳои хушманзараи Хатлонзамин дида ба олами ҳастӣ кушодаю қад кашида, ба воя расида буд. Дар оилаи серфарзандашон ӯ фарзанди шашум ба ҳисоб мерафт.
Ду апа ва се бародараш, аллакай соҳиби хонаю дар ва зиндагии ободу осоиштаи худ буданд. Саид дар синфи охири мактаби миёна мехонду ҳамроҳи бародари калонӣ ва падару модараш дар ҳавлии падарӣ иқомат мекард. Байни духтаракони ҳамсолаш ӯ хушдорони зиёде дошт, зеро қомати баланд, мӯйи ғуллии сиёҳ, чашмони бодомии хушнигоҳ ва аз ҳама муҳимтар барои як ҷавон ахлоқи хубе дошт. Падараш амаки Довуд, писаронашро маълумоти олӣ дода буд, яке муаллим, дуввумӣ меъмор ва саввумӣ агроном буд, Саид милиса шудан мехост. Падараш ҳамеша шӯхӣ мекард, ки Саиди ман генерал мешавад… Нияти неки падар буд ё саводу маҳорату чусту чолокии худи Саид, ки ӯ курсанти мактаби олии милиса дар шаҳри Тошканд гашт. Панҷ соли ҳаёти донишҷӯӣ бо дурӣ аз волидайну ёру диёр сипарӣ гаштанду Саидро, ки акнун як ҷавонмарди тануманди зебое буд, бо роҳхат ба ватан ба кор равон намуданд. Саид дар яке аз шуъбаҳои милисаи пойтахт бо як дилгармӣ ба кор шуруъ кард. Сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ ба ин ҷавони зебо, ки либосҳои хизматӣ ба ҳуснаш ҷанг мекарданд, паҳлавон лақаб монда буд. Саид дар хобгоҳ зиндагӣ мекарду фориғ аз кори серташвиши милисагӣ ба тамошои гулгашту растаҳои сабзу хуррами пойтахт мебаромад. Духтарон аз ӯ чашм намеканданд, баъзеяшон ташаббус нишон дода, бо ӯ роҳи ошноӣ мекофтанд, вале ишқ дар дили ин ҷавони зебо то ҳол ҷой нагирифта буд. Ӯ бо духтарон шинос мешуд, вале баъди як ё ду сӯҳбат мефаҳмид, ки духтари мекофтагии ӯ дигар аст. Духтарон баъди як вохӯрӣ ба Саид ошиқи зор мешуданду бо номаву тӯҳфаҳо дилашро ёфтанӣ мешуданд, аммо ҷавон ҳиссиёташро рӯирост ба эшон гуфта, дилашонро хун мекард. Падару модараш низ дар деҳа чанд духтарро ба ӯ нишон дода, майлашро фаҳмиданӣ шуданд, вале Саид маликаи орзуҳояшро дар симои онҳо надида, ба рӯйи умеду ормони волидонаш хати батлон мекашид. Падараш чизе нагӯяд ҳам, модараш асабӣ шуда, мазамматаш мекард, ки “ҳой бача, ту мунтазири духтари шоҳи париён ҳастӣ, ки ин қадар духтарҳои зебои пурҳунарро рад мекунӣ, ҳоло вақташ мерасад, ба тори мӯйи духтарони қишлоқ зор мешавӣ!” Саид модарашро ба оғӯш гирифта, тасалло медод:
- Очаҷон, ҳоло мебинед, ман бароятон келине меёбем, келине меёбам, ки… Модар аз ин боварии писараш бадтар дар қаҳр шуда, бо алам мегуфт: “ҳо, мебинамат ҳолӣ, саломат медиҳам…”
Вохӯрии ногаҳонӣ
Як шаб Саид дар ҷойи кораш навбатдор буд, кормандони милиса марди мастеро дошта оварданд. Мард бо тамоми овоз милисаҳои ҷавонро ҳақорат дода фарёд мезад, ки медонед ман кӣ ҳастам?! Саид марди мастро, ки дар бар либосҳои қимматбаҳо, вале ифлосу бетартиб дошт, ба ҳуҷраи корияш дароварда ором карду баъд ӯро шинохт… Ин мард ҳофизи шинохтае буд. Мард низ аз муносибати Саид каме ором гирифта, муросокорона гуфт:
-Писарам, ман бо бонуям дар тарабхона ҷанг шудам, ин милисаҳои ту тартиботро вайрон кардӣ гӯён, маро каш-кашон ба ин маймунхона оварданд. Наход, маро нашиносанд?!
-«Милисаҳои ман» шояд шуморо нашинохта бошанд, вале ман шуморо хуб мешиносам, зеро падарам мухлиси овози шумост ва ҳамеша ифтихор аз он мекунанд, ки шумо ҳамдиёри ӯ ҳастед. Ҳофиз бо шунидани номи ватани бобоияш хушнуд шуду андешаманд пичиррос зад:- Бале, ман ҳамдиёри туям, вале ҳангоми хеле хурд буданам ятим мондааму дар хонаи бачаҳо ба воя расидаам. Саид барои ҳофиз қаҳва тайёр карда, пас аз ним соат ӯро ба мошинаш шинонда, ба хонааш бурданӣ шуд ва суроғаашро пурсид.
-Не писарам, ман ба хона намеравам, аздусар боз ҷанҷол мешавад, беҳтараш маро ба хонаи духтарам бар. Чун онҳо ба назди бинои баландошёни истиқоматӣ расиданд, ҳофиз бо кӯмаки Саид ба ошёнаи саввум баромад, дарро ба рӯяшон зани чил-чилу панҷсолаи зебое кушод ва бо дидани ҳофиз чеҳрааш тира шуду сухане нагуфта, қафо гашт ва бо овози баланд гуфт:-Насрин, берун баро, падарат. Ҳамин вақт духтараки нозукандоми сафедпӯст пеши дар ҳозир шуда, салом доду “э-отаҷон боз ҳамон авҳол” гӯён, аз дасти ҳофиз гирифта, ӯро ба дарун даровард ва Саидро низ ба ҷону ҳолаш намонда, хона таклиф кард…
Арӯси орзуҳо
Ҳофиз хона даромадан замон рӯйи қолини дар меҳмонхона густурда афтид, Насрин бо табассуми ширин “ана адо” гӯён, Саидро “як пиёла чой нӯшида, баъд меравед” гӯён, ба ошхона таклиф кард. Хонаҳо хеле зебою барҳаво буда, таъмирашон низ олӣ буд, дар ошхонаи хеле зебою муҷаҳҳаз сари мизи чойнӯшӣ сӯҳбати Насрину Саид қаймоқ баст. Саид аз нақли Насрин фаҳмид, ки падараш даҳ сол пеш модари ӯро бо ду фарзандаш гузошта, дунболи зани дигарро мегирад.
-Падарам хеле марди хуб аст, пайи зани дигар рафта бошад ҳам, аз авҳоли мо доим хабар мегирад. Бародарам дар Маскав кору зиндагӣ мекунаду падарам хонаи дар Маскав доштаашро ба вай тӯҳфа намудааст, ин хонаро бошад, ба ману модарам бахшидааст, ман имсол донишгоҳро хатм мекунам, Худо хоҳад журналист мешавам. Ҳамсари наваш падарамро зиёд хафа мекунад ва ӯ қаҳр карда, ба хонаи мо меояд, модарам ба вай рӯи хуш надиҳад ҳам, ӯро дӯст медорад ва дилаш барои падарам месӯзад, аз ин рӯ, дигар шавҳар накард,- гуфт бо табассуми талх Насрин.
Саид ба ин духтараки меҳрубону хушсухан, ки он қадар соҳибҷамол набошад ҳам, ситораи гарме дошт, нигариста дар дил гуфт:
-Ана духтаре, ки ман ҷустуҷӯяш мекардам! Ҳангоми хайрухуш Насрин рақами телефони хонаашонро ба Саид дода, бо табассум гуфт:-Хайр ҳамшаҳрӣ будаем, занг занед, меҳмонӣ оед!
Ишқи духтари шаҳрӣ
Саид он шаб то рӯз танҳо фикри Насринро кард, симои базеб ва табассуми малеҳи ӯ, раддаи марвориди дандонҳои муҷаллояш аз пеши назараш дур намерафт. Ду рӯз ҷавон гаранг гашт ва рӯзи сеюм ба Насрин занг зада, ӯро ба мулоқот таклиф намуд. Он рӯз ду ҷавон то нимаҳои шаб дар гулгашту хиёбонҳои Душанбе қадам зада, бо ҳам рози дил гуфтанд. Баҳор бо тамоми нафосаташ ҷилвагарӣ мекард, шояд таъсири ҷунунафзои баҳор буд ё Саид дар ҳақиқат ошиқи ин духтараки шаҳрӣ гашта буд, ки ба Насрин таклифи издивоҷ кард. Насрин хандидаю нозида бо шодии шармолуда гуфт:
-Ин ҷо агару магарҳои зиёде аст. Агараш ҳамин, ки ман то донишгоҳро хатм накунам, шавҳар намекунам, магараш ин ки волидони ту духтари шаҳриро келин мекунанд?
-Агару магарҳоро ман ҳал мекунам, -бо шухӣ даст ба чаккааш бурда, ҷавоб дод Саид ва ин ду ҷавони хушбахт аҳду паймон бастанд… Акнун Саид лаҳзае аз Насрин ҷудоӣ надошт, меҳри ин духтараки наҳифпайкари сабзинаи ширинзабон дар мағз-мағзи ҷонаш ҷо гирифта буд. Амаки Довуду холаи Сабоҳат, хушдор ёфтани писарашонро шунида, хурсанд шуданду кулчаю талқон бардошта, ба шаҳр ба хостгорӣ рафтанд. Хусусан падараш ба духтари Ҷаббор Ҷобири машҳур ошиқ шудани писарашро шунида, дар куртааш намеғунҷид. Модари Насрин хостгорони духтарашро хеле хуб пешвоз гирифт, зеро домодшавандаро алаккай хуб мешинохт. Насрин хурсанд буд, ки Саиди нозанини паҳлавон ва абрӯсиёҳ ҳамсари вай мешавад. Шаҳзодабону модари Насрин, ба қудоҳои қишлоқияш, ки барояш хеле писанд омада буданд, гуфт:
-Шумо ягон ташвиш накашед, ин хона хонаи Насрин асту тамоми ашёи зиндагӣ барояшон муҳайё, падараш низ аз муносибати ҷавонон огаҳ асту ба сад ҷон розӣ аст, ки Саид домодаш шавад. Як тӯйча мекунему баъд ҷавонон то хона гирифтанашон бо ман зиндагӣ мекунад, писари ман дар Маскав кору зиндагӣ мекунаду ҳамсари русаш ба Тоҷикистон ҳам омаданӣ нест. Қалину қамчин низ даркор не, ҳамту ҷавонон бахт бинанд шуд…
Вале амаки Довуд, ин хел намешавад гуфта, ба дасти қудояш маблағи калонеро дод, ки ҳам арӯс ба худаш тӯҳфа хараду ҳам тӯйро гузаронанд. Рӯзи тӯй низ аниқ гашт…
Ҷашни висол
Саид ду шаб дар хона набуд ва писарчаю ҳамсарашро сахт пазмон шуда буд, бисёр мехост ғизои шомро дар хона хӯрад. Чанд бор ба ҷойи кори занаш занг зад, гӯширо касе набардошт, баъд ба хона занг зад. Хушдомани меҳрубонаш гуфт, ки шояд Насрин дар ягон ҷо сабт дорад. “Холаҷон, як ош пазед, ман Насринро аз ҷойи кораш гирифта, барвақттар ба хона меоем”. Хушдоман дасту остин барзада, ба ошпазӣ сар кард. Саид ба назди корхонаи ҳамсараш рафта, нав аз мошин пиёда шудан мехост, ки Насринро бо марди бегонае дар сӯҳбат дид, аввал дилаш дур нарафт, вале дар паҳлӯи ӯ дар мошини қимматбаҳои хориҷӣ нишастани ҳамсарашро дида, дар ҷояш шах шуд, вале баъд худро ба даст гирифта, аз пайи онҳо мошин ронд. Мошин дар назди бинои баландошёнае қарор гирифт, аввал Насрин аз он фаромада, зуд ба бино даромад ва баъд аз чанд дақиқа мард аз қафои ӯ баромад. Саид худро ба нодонӣ зада, аз қафои мард зинаҳоро боло шуд ва дид, ки ӯ ба кадом ҳуҷра даромад. Хун дар рагҳои ҷавонмард ях баст, ӯ рӯйи зинаҳои бетонӣ сарашро дошта нишаст, намедонад аз байн чанд дақиқа гузашт, ҳамин вақт зани русе бо сагчааш аз назди ӯ гузаштанӣ шуда гуфт: “Писарам, аҳволатон хуб аст?” Саид чизе нагуфта, аз ҷой хесту назди даре рафт, ки зани ҳалолу никоҳии ӯ бо марди бегона пушти он буданд. Ӯ хост бо лагат дарро кушояд, вале чун даст ба дастаи дар бурд, он кушода шуд, соҳиби хона бастани онро фаромӯш карда буд. Чун Саид вориди хона шуд, аз тарафи дасти чап дари ҳуҷрае кушода буду аз он садои пасти мусиқӣ меомад, ҷавонмард рост ба он ҷо даромад ва Насринро луб-лучи модарзод дар бағали марди бегонае дид!!! Ӯ аз гардани Нозим гирифта, ӯро ба тарафе ҳаво доду ба Насрини лолу карахт нигариста фарёд зад:
-Ман аз ӯ чӣ камӣ доштам?! Ба ту чӣ намерасид?! Саид таппончаашоро аз ғилофаш кашида, дар пешонии Нозим монд, каме фикр карду онро ба чаккаи сари худаш монда гуфт:-Ман дастонамро бо хуни ҳароми шумо олуда намекунам ва мили яроқро пахш кард…
Садои тир аҳли биноро нооором сохт ва дар як дам овоза шуд, ки занеро ҳамсараш сари хиёнат дошта, худашро куштааст… Аз ин воқеа солҳои зиёде сипарӣ шудаанд, Насринро ҳатто ба ҷавобгарӣ накашиданд, ӯ дигар шавҳар накарда бошад ҳам, ҳамеша маъшуқаи мардони сарватманд буд. Шояд ман низ дигар аз ин воқеаи хунину нангин ёд намекардам, вале чанде пеш Насринро дидам… Ӯ хаставу ғамину пир метофт, шояд сояҳи сиёҳи гуноҳаш азобаш медиҳад?
Нисо