Салом! Ман модарам ва дар бисотам танҳо як писар дорам. Шавҳари меҳрубонам ҳангоми шашсола будани писарам як саҳар ба кор рафту дигар ба хона барнагашт. Бегоҳӣ ҷасадашро оварда, гуфтанд, ки шавҳарам зери чархи мошини бадмасте монда, ҷон додааст. Қиёмат дар назарам қоим гашт, вале ба ҷуз тан додан ба тақдир дигар чора надоштам.
Хулласи калом, тамоми ҳаёту зиндагиам писарам аст гуфта, дубора шавҳар накардам. Тамоми ҳастиамро ба писарам бахшидам, аммо...
Писарам аз имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳ афтод ва зиқ шуда, роҳи Русияро пеш гирифт. Дар он ҷо ба як зани руси кӯдакдор ошиқ шудааст ва намехоҳад ба Ватан баргардад. Ба ман алам мекунад, ки барои ӯ ҷавониамро нисор кардам, то дар пирӣ бо набераву келини хуби порсо бошам, вале писарам дар як моҳ як бор занг зада, каме пул мефиристаду бо ҳамин қарзи фарзандиашро адошуда ҳисоб мекунад. Ба ман пулаш даркор нест, ягона хоҳишам он аст, ки писарам ба Ватан баргашта, оиладор шавад, чодару чамани домодиро бубинад. Мехоҳам бо садои ёр-ёр ба хонаам келин биёрам. Орзуи ягонаи мани модари зор танҳо ҳамин аст. Вале писарам ба орзую ормонҳои ман механдад.
Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Л. С.