Зани ҷопонӣ ба ChatGPT ба шавҳар баромад
12.11.2025
Oila.tj
275

Дар шаҳри Токиои Япония ҳодисаи аҷибе рӯй додааст, ки касро ба ҳайрат меорад. Як ҷавонзани 32-солаи ҷопонӣ бо номи Кано пас аз пош хӯрдани муносибатҳои сесолаи ошиқонаашон бо ҷавони дӯстдоштааш тасаллоро дар як барномаи чат-бот, яъне ChatGPT ёфтааст.

Дар оғоз ChatGPT ба ҷавонзан маслиҳатҳои рӯҳӣ медодааст, вале бо мурури замон Кано ба ӯ дил баста, бо ёрии технологияи prompt-engineering аз вай як шахсияти виртуалӣ бо номи Лун Клаус сохтааст.

Лун (зеҳни сунъӣ) ба ҷавонзан меҳрубонии зиёд зоҳир намуда, билохира ба Кано ибрози муҳаббат намудааст. Зан ишқи Лун Клаусро қабул карда, ин достон бо тӯйи арӯсӣ байни инсон ва Зеҳни Сунъӣ ба анҷом расидааст.

Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Андешаи худро дар шарҳи мавод нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД