Фасли зимистонро бе ҷӯробҳои гарм тасаввур кардан ғайри имкон аст. Махсусан ҷӯробҳои помирӣ дар айёми сармо пойҳоро аз хунукӣ эмин дошта, ба тану ҷони кас ҳузуру ҳаловат мебахшанд.
Дар баробари гарм ва бароҳат буданашон ҷӯробҳои бадахшонӣ бо нашқу нигори назаррабояшон касро мафтун месозанд. Аспармо Мавлонназарова дар бофтани ҷӯробҳои помирӣ ҳамто надорад. Ҳунари дастонаш ин зани фариштахисолро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон машҳур гардонидааст.
Рӯшонидухтаре, ки аз ҳар ангушташ ҳунар мерезад.
Аспармо Мавлонназарова зодаи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Аслан аз рӯйи ихтисос омӯзгор аст, вале ин бонуи панҷ панҷааш ҳунар маҳз туфайли ҷӯроббофӣ машҳур гаштааст. Ӯ зиёда аз 85 намуд ҷӯробҳои бадахшонӣ мебофад ва дар чандин фестивалу озмунҳои байналмиллалии ҳунарӣ ғолиб омада, номи Тоҷикистон ва тоҷикистониёнро баланд бардоштааст. Аз ҷумла соли 2012 тоқичаи бофтаи ӯро, ки онро мардуми Бадахшон “паккул” мегӯянд, аз ҷониби ЮНЕСКО бо нишони сифати ЮНЕСКО қадрдонӣ карданд, соли 2020 бошад, Аспармо Мавлонназарова дар озмуни “Беҳтарин маҳсули ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Шӯрои ҷавонии ҳунармандон ба таври онлайнӣ баргузор шуд, бо унвони “Ҳунарманди беҳтарини ҷаҳон” сарфароз гардонида шуд...
Аввалин ҷӯроби бофтаамро ба дарё партофтам...
Ҷӯроббофӣ яке аз дӯстдоштатарин ҳунарҳои занона дар кӯҳистони Бадахшон аст. Ин ҳунар таърихи хеле қадима дорад ва бонувони бадахшонӣ насл ба насл кӯшиш мекунанд, ки ин ҳунари нозуку зеборо ба духтаронашон омӯзонанд. Қаҳрамони мо низ ҷӯроббофиро ҳанӯз дар синни 6-солагиаш омӯхтааст.
“Модари ман ҳам мисли дигар бонувони бадахшонӣбисёр зани ҳунарманд буданд. Ман аз овони кӯдакӣ бо завқу завқи зиёд ба кору бори модарам диққат медодам ва мудом “ба ман ҳам ёд диҳед” гуфта, зорӣ мекардам. Модарам дар ҷавоб мегуфтанд, ки “бофандагӣ кори вазнин аст, духтарам, ту ҳоло хурдӣ, наметавонӣ, аммо пофишорӣ карда, билохира модарамро розӣ кардам. Модарам барои ман низ лавозимоти ҷуроббофӣ гирифтанд ва оҳиста-оҳиста сирру асрори ин ҳунарро ёд доданд. Ҳамин тавр дар як ҳафта як ҷуфт ҷӯроб бофтам ва бо маслиҳати модар аввалин намунаи ҳунарамро ба дарё партофтам, то ки мисли оби дарё пайроҳаи ҳунариам дароз гардад”-ба ёд меорад Аспармо Маҳлонназарова.
Ғамро бо ҳунар кушту...
Зиндагии зоҳиран орому осудаи Аспармо Мавлонназарова ҳасади бисёриҳоро меорад, зеро шавҳари зебову меҳрубони фозилу бо обрӯ, фарзандони баркамоли соҳиби маълумоти олӣ ва касбу кор, хонаву дари ободу ҳаёти хушбахтона дорад, вале ин зани мубориз дар зиндагӣ фоҷиаҳои зиёдеро паси сар намуда, заҳри ғаму дардро фаровон чашидааст.
Бузургтарин ғами Аспармо Мавлонназарова дар зиндагӣ ҷавонмарг шудани духтари 20-солааш Назира буд, ки модари зорро ғофилгир кард. Мари фоҷиавии фарзанди дилбандаш гӯиё ӯро бе корд кушт. Пас аз марги фоҷиавии Назираи нозанинаш, ки куртаи арӯсӣ ба бар накарда, якбора ба таври ногаҳонӣ ғуррамарг шуд, кори модар шаб то саҳару рӯз то бегоҳ зор-зор гиря карда, ба даргоҳи Худо нолидан буд. Қариб монда буд, ки аз ғаму дарди зиёд аз ақл бегона шавад, вале дар ҳамон рӯзҳои сахт маҳз ҳунараш ӯро дубора ба зиндагӣ баргардонд. Аспармо Мавлонназарова ба хотири зинда нигоҳ доштани хотираи духтари ҷавонмаргаш ташкилоти ҷамъиятии ҳунарҳои мардумии “Назира”-ро боз намуд. Вай ҳунари ҷӯроббофиашро ба духтаракони ҷавоне, ки дар синну сол бо Назираи нокоми ӯ ҳамсол буданд, ёд дода, бо ҳамин роҳи дили аз ғаму дарди фарзанд чок-чок гаштаашро андаке таскин медод.
Асрори ҷӯробҳои бадахшонӣ
“Ҳар нақше, ки шумо дар ҷӯробҳои бадахшонӣ мебинед, маънои хоси худро дорад. Масалан, нақши офтоб ин маънои гармиро медиҳад. Ҷӯробҳоро ҳар ҳунарманд мувофиқи завқу салиқаи худаш гулпартоӣ карда мебофад. Ман аз ҳар чизе, ки мебинам, илҳом мегирам ва ягон нусхаи нав меофарам. Табиати зебои Ватан ба мо, ҳунармандон илҳом мебахшад. Гули зебои садбарг, барги дарахт, байрақ, ситора, хулоса ҳар зебоие, ки мебинам, кӯшиш мекунам, ки онро дар ҷӯроб тасвир намоям”-мегӯяд Аспармо Мавлонназарова.
Ба гуфти қаҳрамони мо, ҷӯробҳои помирӣ дар баробари зебою дилкаш ва гарму бароҳат буданашон боз хусусияти табобатӣ низ доранд.
“Ҳунармандони бадахшӣ се намуд ҷӯроб мебофанд. Намуди якум ҷуроби кӯтоҳ, ки маъмулан онро “пояфзолҷӯроб” ҳам меноманд. Намуди дувум бештар барои тӯҳфа кардан истифода мешавад ва “ҷӯробҳои то зону” ном доранд. Намуди севуми ҷуробҳо то миёнро мепӯшонанд ва онро бештар чӯпонҳо ва шикорчиён мепӯшанд. Барои хушсифат ва зебо омода намудан ресмон нақши муҳимро мебозад. Ресмони ҷӯробҳоро бештар аз пашми шутур, гӯсфанд ва буз омода мекунанд, ки дар худ хусусияти шифобахшӣ низ доранд, масалан, ҷӯроби аз пашми шутур бофташуда ба бисёр дардҳо даво мебахшад” - мегӯяд ин зани ҳунарманди тоҷик.
Мо ба Аспармо Мавлонназарова барори кор хоста, дуо мекунем, ки худованд ба ин зани панҷ панҷааш ҳунар умри дарози пурбаракат ато намояд ва солҳои зиёде туфайли дастони пурҳунараш номи миллати тоҷикро ҳамчун як миллати ҳунарманд ва зебопараст дар арсаи ҷаҳон баланд бардорад.
Ф. Сатторӣ