Занро фариштаи пок меноманд, вале баъзан намояндагони ҷинси латиф чунон “корнамои”-ҳое мекунанд, ки аз шуниданаш даҳони кас воз мемонад.
Тасаввур кунед, як мард бояд чанд сол заҳмат кашад, то ки ба муроду мақсадаш расида, соҳиби мошини гаронбаҳо шавад? Албатта солиёни зиёд, агар мошинро бо пули ҳалоли меҳнатӣ харад, вале як зани 41-сола тавонистааст дар бадали чанд лаҳза муфтакак соҳиби “Рендж ровер Велар”-и олиҷаноб шудааст. Бовар намекунед? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 41-сола бо иттиҳоми қаллобӣ хабар додааст. Ин манбаи мӯътамад мегӯяд, зан худро харидор вонамуд карда, ба боварии як марди 41-солаи сокини пойтахт даромада, мошини тамғаи “Рендж ровер Велар”-и ро 55 ҳазор доллари амрикоӣ нарх карда гирифтааст гирифтааст. Зан ба соҳиби мошин ваъда кардааст, ки дар бадали ду моҳ пули мшинро медиҳад, вале ҳамагӣ 23 ҳазор дллар пардохт намудааст. Аз байн аллакай беш аз як солу гузашта бошад ҳам, то имрӯз харидори бе инсоф маблағи боқимондаро, ки 32 ҳазори дллари амрикоиро ташкил менамояд, надодааст.
Нисбати ин зани “мошиндӯст” бо моддаи 247-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти қазия аз ҷониби мақмти ҳафзи ҳуқуқ идома дорад.
Фирӯза Сатторӣ