Салом! Ман зани танҳо ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам. Шавҳарам бо ду фарзанд маро талоқ дода, зани дигар гирифт. Қариб се сол мешавад, ки бо кӯдакони хурдсолам дар хонаи падару модарам зиндагӣ мекунам. Ҳанӯз ҷавонам, нав ба синни 28 қадам ниҳодаам. Мефаҳмам, ки як умр бо ду фарзанд дар хонаи волидонам зиста наметавонам. Талабгоронам зиёданд, аммо росташро гӯям, аз шавҳар кардан метарсам. Модарам мегӯянд, ки ягон паиндар ба кӯдакони бегона падар намешавад ва агар ман шавҳар кунам, аз рӯйи фарзандонам боз хонавайрон шуданам мумкин аст. Бачаҳоятро ба мо мону шавҳар карда рав мегӯянд, вале ман ба хотири марди дигар аз кӯдаконам ҷудо шудан намехоҳам.
Хулоса, сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Зани кӯдакор дубора ба шавҳар барояд, хушбахт мешавад ё не?
САЙЁРА, аз шаҳри Ваҳдат
Посух:
- Ҷустуҷӯи ҳамсафари ҳаётӣ кори осон нест, хусусан барои зане, ки алакай як маротиба хонавайрон шудаасту кӯдак ҳам дорад, вале набояд аз зиндагӣ навмед шуд. Занҳое ҳастанд, ки бо се-чор кӯдак аз шавҳар ҷудо шуда, боз харидор меёбанд ва дубора шавҳар карда, ба маънии томаш хушбахт мешаванд. Ҳамааш аз дилёбӣ ва маҳорати худи зан вобаста аст.
Занҳои танҳои кӯдакдор қалби шикаста доранд: хиёнати шавҳар, дилмондагӣ аз бахти аввал, ранҷу азоби ҷудоӣ, албатта ҳамаи ин ба психологияи зан бетаъсир намемонад. Паси сар кардани ин марҳилаи душвор аз кас иродаи қавӣ мехоҳад. “Ман дигар ҳеҷ гоҳ ба шавҳар намебароям» гуфта шиштан гиред, андешаи як умр танҳо мондан дар майнаатон амиқ ҷойгир шуда, дубора пайдо кардани бахт бароятон бисёр мушкил мешавад. Дар ин ҳолат оҳиста-оҳиста танҳоӣ ба рӯҳияи зан таъсири ногувор мерасонад ва хислату хӯяш дигар мешавад. Маҳз аз ҳамин сабаб аксари занҳои аз шавҳар ҷудошуда дағал ва тундмиҷоз мешаванд. Ғурури нозарур ва суханҳои нешдор ниқобест, ки зани як маротиба “шаттаи бахтро хӯрда” мехоҳад хоҳишҳои ҷисму ҷони худро дар зери он пинҳон намояд, вале мардҳо қудрати дарки ин чизро надоранд. Дағалии зани шавҳардида марди ошиқро гурезон мекунад.
Хоҳари азиз, пеш аз оне, ки дубора оила барпо мекунед, сабабҳои шикасти бахти аввали худро як маротиба таҳлил намуда, хулоса бароред, ки маҳз кадом рафторатон боиси хонавайрониатон гашт ва кӯшиш кунед, ки ислоҳ шавед. Аммо танҳо ба хотири танҳо намондан ба аввалин марди пешомада ба шавҳар набароед. Ин на ба нафъи шумост ва на ба нафъи кӯдаконатон. Мардеро биҷӯед, ки марди асил ва сазовори боварӣ бошад.
Аммо барои издивоҷи дубора шумо бояд фарзандонатонро омода созед. Дар назди кӯдаконатон тавре ҳам вонамуд насозед, ки ба шумо ба ғайр аз онҳо дигар касе лозим нест. Вақте модар фарзандашро ба оғӯш кашида, «ба ману ту касе лозим нест» мегӯяд, ин танҳо як гапи хушку холӣ аст. Зан дар қаъри дилаш ба дубора хушбахт шудан умед дорад, вале кӯдак ин гуфтаҳоро ҳамчун қонун қабул мекунад. Модар рӯзе дубора издивоҷ кардан хоҳад, кӯдак зидди ин никоҳ мебарояд.
Ба ақидаи равоншиносон, яке аз хатоҳои модарони танҳо дар он аст, ки ҳаёти шахсии худро бо ҳаёти оилавӣ омехта мекунанд. Алакай марди табъи дилатонро пайдо карда бошед ҳам, шавҳаршавандаи наватонро дарҳол бо кӯдаконатон шинос накунед. Тифл метарсад, ки марди бегона модарашро аз ӯ ҷудо кардан мехоҳад. Саросемагӣ дар ин кор боз як хатари дигар ҳам дорад, Худо накарда ин мард бо шумо оиладор нашаваду кӯдаконатон ба ӯ одат кунанд, азоби рӯҳӣ мекашанд. Ба шавҳаршавандаатон аз беодобии кӯдакатон шикоят накунед. Худро ба хотир оред, ки баъди талоқ чӣ сон азоб мекашидед, ҳол он ки шумо одами калонсолу ботаҷриба будед, фарзандонатон бошанд, ҳанӯз хурд ҳастанд.
Хулоса, фарзанд доштан маънои онро надорад, ки зан дигар ҳақу ҳуқуқи ба шавҳар баромадан ва хушбахт шуданро надорад, вале шумо бояд дар интихоби бахт саросема нашуда, шахсеро пайдо намоед, ки шавҳари хуб ва падари меҳрубон шуда тавонад.