Пештар касбҳоро ба занонаю мардона ҷудо мекарданд, вале дар ҷамъияти имрӯза занон ҳам мекӯшанд, ки аз мардон қафо намонда, касбу ҳунарҳои гунгунро аз худ намоянд, то тавонанд ризқу рӯзии худро бо шарофати ҳунари дасташн ба чанг оваранд. Қаҳрамони мо Ӯғулой Шамсиева низ аз зумраи чунин занҳои мардонадил буда, як не, се касби мардонаро ба осонӣ аз худ намудааст.
Уғулой аз зумраи бонувонест, ки аз панҷ панҷаашон ҳунар мерезад. Дар барбари нонвой ин зани меҳнатқарин ҳамчунин нозукиҳои кандакорӣ дар чӯб ва ҳунари мебелсозиро аз худ намудааст ки аз зумраи ҳунарҳои сирф мардона ба шумор мераванд. Ин бонуи пурҳунар чӣ гуна аз худ кардани се ҳунар ва дар зиндагӣ муваффақ шуданашро қисса карда гуфт:
"Ҳар як касб нозукиҳои худро дорад ва барои омӯхтани он инсон бояд сабур ва меҳнатдӯст бошад. Шахсан ба ман дар омӯхтани ҳунарҳои гуногун зеҳни тез ва шавқу завқам нисбат ба ҳунаромӯзӣ касб кӯмак расонд. Азбаски аз хурди ба ҳама гуна ҳунар шавқу завқ доштам, тавонистам дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои се касбро аз худ кунам. Ҳунари нонпазиро ман аз ҳамсояамон омӯхтам. Ману модарам гоҳ-гоҳ дар нонвойхона, ки дар наздикии хонаамон буд, кор мекардем. Оҳиста-оҳиста сирру асрори нонвойиро аз худ кардам, аммо ба ин қонеъ нашуда, мехостам ҳунари кандакориро ҳам аз худ кунам. Аслан кандакоорӣ бисёр касби пурмашаққат буда, на ҳар кас ин ҳунарро аз худ карда метавонад. Бисёриҳо дар нимароҳ аз баҳри кандакорӣ мегузаранд, чунки ин ҳунар аз инсон дар баробари зебопараст будану дарку завқи зебошиносӣ доштан, сабру таҳаммул ва меҳнати дақиқкоронаро тақозо менамояд. Хушбахтона, ман табиатан зебопараст ҳастам ва тавонистам дар муддати начадон зиёд нозукиҳои ҳунари кандакориро аз худ намоям...”
Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳарчанд кандакорӣ майдакорӣ ва бисёр касбу пурмашаққат бошад ҳам, вақте ки усто самари заҳматашро мебинад, кайфияти аҷибе касро фаро мегирад, ки онро бо сухан тасвир кардан хеле душвор аст.
"Мунаққаш сохтани мизу курсӣ ва сутунҳои кӯшкҳои боҳашамат умуман, кандакорӣ дар чӯб ба кас завқи дигар мебахшад."Вақте инсон маҳсули дасти худро бо ороиши хеле зебо ва назаррабо мебинад ва мебинад, ки нафаре аз тамошои самари заҳматаш лазат бурда истодааст, ончунон шоду масрур мегардад, ки нгуфтанӣ. Ин ба ҳунарманд рӯҳу илҳоми тоза мебахшад”-мегӯяд Уғулой.
Ба гуфти худи қаҳрамонамон, вай ҳанӯз аз замони кӯдакӣ ба чизҳои қадимию атиқа ва кандакоришуда шавқу завқи зиёд доштааст, аз ҳамин хтир, баъди он ки сирру асрори ин ҳунари норзукро аз худ намуд, кӯшиш мекард, ки онро ба дигарон низ ёд диҳад, вале...
“Баъди муддати мадид шавқам ба сохтани мебел зиёд шуд. Айни ҳол ин пешаро аз худ карда истодаам вамебел месозам" – мегӯяд Уғулой Шамсиева.
Ӯғулой сирри муваффақиҳои худро дар таҳаммул ва шавқ медонад. Ин зани панҷ панҷааш ҳунар ба бонувони хонашин тавсия медиҳад, ки шуғлеро пеша намуда, барои таъмини оила саҳмгузор бошанд. Мо ба ин бонуи соҳибҳунар барори кор мехоҳем.
Абдуғаффор Шодиев