sebiston july new
Зани дуюми шавҳарамро мурданак задаму...
19.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1288

 

Салом ба кулли хонандагон. Ман як зан, модаре ҳастам, ки бо сабаби беақливу гумроҳиам доғи судӣ гирифта, аз озодӣ маҳрумам. Сабаби ба маҳбас афтодани ман рашк аст, зеро шавҳарам аз ман пинҳонӣ зани дуюм гирифта, соҳиби ду фарзанд шуд.

Вақте ки ман зангирии шавҳарамро фаҳмидам, сару калобаамро гум кардам. Фикру зикрам ба қассосгирӣ банд буд. Бинобар ин, рӯзе аз ҷайби шавҳарам телефонашро гирифта, рақами занашро ёфтам. Ба ӯ занг зада, гуфтам, ки бо ӯ вохӯрдан мехоҳам. Нақшаам тарсонидани зан буд ва ӯ ҳам натарсида ба ҷойи гуфтаам омад.

Бо ӯ баҳсу мунозираи зиёд кардем. Вақте ба ӯ гуфтам, ки аз баҳри шавҳари ман барояд, гуфт, ки нисбати ман коре надорад ва сабаби зиндагии якҷояашонро аз шавҳарам пурсам, вале ман ӯро фаҳмидан намехостам. Вақте бори охир хостам, ки ба зиндагиамон дигар надарояду ӯ қабул накард, мани ба дарди рашк гирифтор якбора аз мӯйҳои дарозаш кашида, ӯро ба замин хобонда, мурданивор задам.

Азбаски ман нисбат ба ӯ фарбеҳтар будам, зарбаҳоям бештар расиданд. Пайи дастонам дар рӯю гарданаш монданд. Атрофиён моро бо як азоб ҷудо карданд. Хайрият, ки зан зинда монд, вагарна қотил мешудам.

Баъди ин ҳодиса шавҳарам маро ба суд дода, гуфт, ки бо чунин одами бад зиндагӣ барояш ҳаром аст. Маро барои авбошию сӯиқасд ба ҷони ин ҷавонзани ҳомиладор ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Шавҳарам дар толори суд ҷавобамро доду фарзандон аз ман рӯй тофтанд.

Хуллас, имрӯз ман фақат ба китобхонӣ бандам. Аз китобҳои хондаам бисёр чизҳои зиндагиро ба таври мусбат дарк карда истодаам ва хеле пушаймонам.

Ба тамоми занон муроҷиат карда гуфтаниам, ки ба хотири рашки ноҷо худ ва одамони наздикашонро насӯзонанд, зеро оқибати рашк хонавайронӣ аст.

ЗАРРИНА, хонанда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД