Ман розӣ шудам ва суроғаву телефонашро гирифта, бегоҳ пас аз кор ба хонааш сар задам. Дарро ба рӯям худаш кушод, ба хона даъват кард, пешам қаҳваву ширинӣ монд, баъди каме сӯҳбат понздаҳ ҷуфт туфлиҳои зебои хушсифати туркиро ба пушти опели кӯҳнаякам бор карда, ба хона омадам ва ҳамин тавр бо Аминабонуи нозанин дӯст шудам.
Амина баъди фавти ҳамсараш ду духтару як писарашро ба танҳоӣ калон карда, хононда соҳиби хонаву дару маълумоти олӣ карда будааст. Чилу ҳашт сол дошт, аммо дар назар сӣ-сиву панҷ сола метофт. Писараш духтур буду дар Қазон бо аҳли оилааш зиндагӣ мекард. Ду духтараш яке дар Хуҷанд ва дигарӣ дар Хатлон, Амина дар бонке хазинадор шуда кор мекарду дар хонаи панҷҳуҷрадори барҳаво танҳо зиндагӣ мекард. Дар як канори шаҳр ҳавлӣ ҳам дошт, ки он ҷо иҷоранишинҳояш зиндагӣ мекарданд. Амина аз ман понздаҳ сол калон буд ва ҳеҷ гумон надошт, ки ман ӯро дӯст медорам, чун ба ӯ изҳори ишқ кардам, хандид, аммо беҳуда намегӯянд, ки зан бо гӯшҳояш дӯст медорад ва оқибат ӯ ишқи маро қабул кард. Амина аз бародарони мансабдору хешу табори бонуфуз, қудову анда ва ҳамсояҳояш сахт метарсид, аз ин рӯ, мо никоҳ кардему муносибатҳоямонро сахт пинҳон медоштем…
Чашмгурусна
Ҳар гоҳе нимашаб чун мушаки дузд вориди хонаи зебои Аминабонуи нозанин мегаштам, дар ҳайрат меафтодам, ки як зани бева ин қадар ҷоҳу ҷалол дораду мани шабу рӯз меҳнат мекарда не. Оқибат ҷойи ишқу ҳурмату эҳтиромро дар дили ман бахилӣ гирифту дигар мехостам ба ивази меҳрубониҳоям аз ӯ музде ситонам. Аминаи дилкушод ба ман ҳамеша ёрӣ мерасонд, чун фаҳмид, ки мо панҷ нафар дар як хонаи якҳуҷрагии танг зиндагӣ мекунем, пешинҳоди аҷибе кард.
-Азизҷон, ту хонаатро фурӯш, ман бароят пул медиҳам, хонаи дуҳуҷрагӣ мехарӣ,- ҳамин тавр ҳам кардем, ман соҳиби хонаи кушод шудам, аммо бахилӣ оромам намегузошт, мехостам мошинамро дигар кунам. Чун инро ба Амина гуфтам, ӯ бо ҳайрат ба ман нигариста гуфт:-Ту ношукр будаӣ, ҳоло қарзҳои гирифтагиятро барои хона баргардон, баъд аз пайи мошин шав.
-Ту беваи нодида, маро ду моҳ нагузашта таъна мезанӣ,- гӯён бо ӯ чанг кардам, Амина ба ман бо ҳайрати тамом нигариста гуфт:-Э гум шаве, ман фаҳмидам ту кӣ ҳастӣ, ишқу пишқат ҳамааш дурӯғ будааст.
Амина берун баромаду ман аз ғаладони мизи хонаи хоб тамоми тилловориҳояшро гирифта, ба киссаам задаму аз хонааш берун шудам. Рӯзи дигар дӯконамро бо борҳояш ба додари занам додам, ки савдо кардан гирад ва худам чипта харида, баъди як ҳафтаи ин воқеа ба Русия гурехтам. Ҳамеша ба хусурбачаам занг зада мепурсидам, ки оё ягон кас маро пурсид, мегуфт, не ҳеҷ кас напурсид. Ростӣ, як соли дароз бо ҳарос зиндагӣ кардам, чун дидам Амина суроғам намекунад, орому тинҷ кор карда гаштам, аммо корам омад намекард…
Подоши бадӣ
Дар Русия дар як бозор картошка мефурӯхтам, мехостам пули билетамро кор карда, ба хона баргардам, Аминаро аз ёдам бароварда наметавонистам, барои хафа карданашу дуздиҳоям виҷдони набудаам азобам медод. Шояд Худованд подоши бадиҳоямро ба ман баргардонд, ки дар чашми чапам омосе баромад, аввалҳо мисли холе буд ва оҳиста-оҳиста калон шудан гирифт. Назди духтур рафтам, гуфт, ки ин омоси безарар аст ва ҷарроҳӣ карда, гирифтан даркор. Бо ёрии бародарону хешу табор маблағи ҷарроҳиро ҷамъ оварда ҷарроҳӣ кардам, аммо ба ҷойи беҳбудӣ, бадтар шуд. Аз ташхисҳо маълум шуд, ки омос бадфиол будааст, чӣ қадар даводав кардам, шаш моҳи табобатҳо беҳосил гузаштанду чашмамро ҷарроҳӣ карда гирифта, чашми ориятиям шинонданду ба ватан багаштам. Инак, зардоб ба чашми дигарам асар намудаасту сарам низ сахт дард мекунад, хонаи дуҳуҷрагиро фурӯхта, боз якҳуҷагӣ харидему пулро ҳама сарфи табобат кардем. Тилловориҳои Аминаро фурӯхта, пулашро дар бонк монда будам, онҳо ҳам сарф шуданд, ҳоло қувватам рӯз аз рӯз рафта истодааст. Бечора ҳамсарам ҳамроҳи фарзандон рафта, аз «Корвон» пойафзоли арзон харида, онро дар дӯкони худамон қиматтар мефурӯшад, ҳоли баде дорем…
Як рӯз ба хонаи Амина барои узр пурсидан рафтам, чунки медонам рӯзҳои башуморе мондаанд аз тақвими умрам, аммо ҳамсояаш гуфт, ки ӯ ду сол пеш ба Русия назди писараш рафтааст…
Худоё, мани ғоратгарро бубахш, зеро як занеро, ки бо тамоми вуҷудаш мехост ба ман ёрӣ расонад, сахт хафа кардам…
Азизи пушаймон Таснифи Нисо