Sebiston new 2024 october
Зани дуюм гирифтаму рӯзам сиёҳ шуд
23.11.2024
ОИЛА.ТҶ
1335

Ману ҳамсарам 7 сол зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд нашудем. Бо гумони он, ки занам безурёт аст, зани дигар гирифтам.

Кори Худоро бинед, ки баъди кӯдакдор шудани зани дуюмам зани якумам ҳам ҳомиладор шуд. Ман наметавонистам ӯро миёни раҳ намоям, чунки ҳарчӣ ҳам набошад, бахти аввал барои ҳар инсон азиз аст. Бар замми ин, зани якумамро аз ҷонам бештар дӯст медорам, чунки дар тӯли чандин соли хонадориамон ягон бор ба рӯям гап нагардонидааст. Вай маро ҳамеша иззату ҳурмат мекунад. Зани дуюмам бошад, бисёр духтари шаттоҳу лӯлӣ аст, як гап назада, даҳ ҷавоб медиҳад. Танҳо хотири фарзандонам бо ӯ зиндагӣ мекунам. Чанд маротиба гуфтам, ки агар ман ба ӯ писанд набошам, бачаҳоямро монда, худаш баромада равад, вале розӣ нашуд. Рафтори ин занак маро ҷонбезор кардааст, барои дупула гап қаҳру ароз карда, ба хонаи очааш меравад.

Хотири бачаҳоям маҷбур мешавам, ки саг барин аз пасаш давида бо зорию илтиҷо ӯро ба хона баргардонам. Вале тоқатам тоқ шуд, то имрӯз ман танҳо ба хотири фарзандонам ба ҳама қилиқҳои ӯ тоқат мекардам.

Акнун ба хулосае омадам, ки агар ба занам хонаю дар ва зиндагии обод маъқул набошад, бачаҳоямро монда равад. Чор тарафаш қибла!  

М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД