Ҷои пӯшида нест, ки дар ҷомеаи мо занҳо оилаи дуюм ва сеюм мешаванду дар бештари ҳолат оилаҳо пароканда мешавад.
Мегуфтед, ки аз назари қонунӣ занҳои дуюм ва сеюм ба моли шавҳар ҳуқуқ доранд?
Х.
Посух
Мувофиқи талаботи моддаи 10-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста мешавад. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд. Мувофиқи талаботи моддаи 34-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад. Ҳамсаре, ки бо шавҳар ақди никоҳи расмӣ дорад, ба моли шавҳар ҳақ дорад.