Ҳусну ҷамоли дилраборо иддае аз бонувон аз бибию бибикалонҳояшон мерос мегиранд, иддаи дигари хонумҳо бошанд, кӯшиш мекунанд, ки ноқисиҳои пӯсти рӯйи худро бо косметикаи гаронбаҳо пӯшонанд.
Барои ҷавону зебо намудан занҳо погаҳи дари кошонаҳои ҳуснро хӯрда мекунанд, вале ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеояд, ки мушкилоти рӯй баёнгари мушкилоти узвҳои дохилӣ ва бемориҳои инсон аст. Ҳамеша зебою дилкаш намудан хоҳед, ба ҷойи ҳар ҳафта ба назди косметолог ва машшота рафтан ақаллан дар шаш моҳ як бор ба назди духтури занона равед.
Пӯсти рӯй чӣ мегӯяд?
Табиби занона, агар мушоҳидакор бошад, бояд дар баробари гӯш кардани шикояти зан ба ҳолати пӯсти рӯяш бодиққат нигарад, чунки аксари иллат ва касалиҳои бонувонро метавон аз чеҳраашон хонд. Вуҷуд доштани нарак дар пӯсти занҳои калонсол нишонаи он аст, ки дар ҷисми ӯ ҳормони ҷинсии мардона зиёд аст. Дар чунин ҳолат табиб ташхиси ҳормонҳоро тавсия дода, дар сурати дар ҷисми зан вайрон будани мубодилаи ҳормонӣ дорувориҳои махсусро тавсия медиҳад.
Доғҳои пигментӣ аз чӣ пайдо мешаванд?
Доғҳои пигментӣ на танҳо дар пӯсти бонувони ҳомила, балки дар чеҳраи занҳои аз малҳами аз офтоб ҳифзкунанда истифода намебурда низ фаровон дида мешавад. Пайдоиши ин доғҳо метавонад нишонаи касалиҳои дарунӣ низ бошад, масалан иллат доштани ҷигар ва пастшавии сатҳи эстроген боиси пайдо шудани доғҳои пигментӣ дар рӯйи зан мегардад. Аз ҳамин сабаб табибони таҷрибадор ба хонумҳое, ки рӯяшон пур аз доғҳои пигментӣ аст, ташхиси биокимиёвии хун ва ултрасадо мефармоянд. Натиҷаи ташхис хуб барояд, хунро ташхис намуда, сатҳи ҳормонҳои ҷинсиро муайян намудан лозим меояд.