Румайсо Гелги соли 1997-ум дар шаҳри Сафранболуи Туркия чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Баландии қади ӯ ба 2 метру 15 см мерасад, ки зани қадбалтарин дар рӯи дунё ба шумор меравад. Румайсо гирифтори бемории генетикии нодир бо номи синдроми уивей мебошад. Афзоиши ғайримуқаррарӣ аз ҳисоби ҳамин беморӣ сурат мегирад. Ин беморӣ хеле кам буда, аввалин бор дар Туркиё ба қайд гирифта шудааст.
Одатан ин духтар ба воситаи арбачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад. Аммо тариқи пиёдагард (ходунок) низ роҳ меравад. Гелги эътироф намуд, ки наздикону атрофиён ӯро дастгирӣ намуда, аз рекордӣ ӯ фахр низ мекунанд.