arzon replenishment
Зани 40-солаи тоҷик ба Самӣ Юсуф ошиқ шуд
06.03.2022
Оила
10397

Фарида Одинаева 40 сол дошта, модари ду фарзанд мебошад. Ин зан бори чандум аст, ки ба сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намуда, хоҳиш ва илтимос мекунад, ки қиссаи ишқашро нависем. Ростӣ, гуфтаҳои ин зан бештар ба ривоят ва достонҳои қадимии динӣ монандӣ доранд ва то куҷо ҳақиқат доштанашонро танҳо Фарида медонаду Худованд, вале ба хотири наранҷонидани дили ин зани тоҷик мо достони ишқ ва сарнавишти ӯро манзури муштариёни сомона гардонида, қазоваташро ба худи хонандагон вогузор менамоем.
-Фарида, чӣ шуморо маҷбур месозад, ки гаштаву баргашта ба идораи сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намоед?
-Мехоҳам қиссаи ишқамро дар сомонаи Оила ҷой диҳед, то марде, ки дӯсташ медорам, бо воситаи ин сомона аз рози дили ман огоҳ гардад.
-Кист он мард ва чаро бевосита ба худаш неву тариқи сомона ба ӯ рози дил гуфтан мехоҳед?
-Марде, ки Худованд ишқи ӯро дар дили ман ҷой додааст, хеле машҳур буда, аксари мусалмонони олам ӯро мешиносанд.
-Ростӣ, аз ишораҳоятон чизе нафаҳмидам, метавонед ошкортар гап занед, ки сухан дар бораи кӣ меравад?
-Марде, ки достони ишқашро қисса карданиям, Самӣ Юсуф аст.
-Самӣ Юсуф? Ҳамон сарояндаи машҳуре, ки бештар таронаҳои динӣ месарояд ва дар сурудаҳояш ба Худованд муноҷот мекунад?
-Бале, гап дар бораи ана ҳамон марди машҳур меравад.
-Шумо мухлиси Самӣ Юсуф ҳастед?
-Мухлис не, ошиқаш ҳастам ва ӯ низ ба ман ошиқ аст.
-Фарида, хафа нашавед, вале чизе, ки шумо мегӯед, шахсан барои ман боварнакарданист. Шумо дар Тоҷикистону Самӣ Юсуф дар гӯшаи дигари олам аст, охир чӣ тавр ӯ метавонад ба шумо ошиқ шавад? Магар дар ягон сафари хориҷӣ бо ин марди машҳур ошно шудед?
-Оташи ишқи маро дар дили Самӣ Юсуф ва ишқи ӯро дар дили ман Худованд афрӯхтааст, аз ҳамин хотир ягон бор ҳамдигарро аз наздик надида бошем ҳам, ошиқи зори ҳамдигар ҳастем.
-Оташи ишқи Самӣ Юсуф чӣ гуна ба дили шумо афтод? Метавонед ин қиссаро аз оғоз нақл кунед?
-Ман соли 2009 бо ду фарзанд аз шавҳарам ҷудо шудам. Азбаски шавҳарам дар зиндагӣ маро бисёр ранҷу азоб медод ва мурданивор лату кӯб мекард, дилам аз ҷинси мард ях барин хунук шуда буд. Аз ҳамин хотир, рӯ ба Худованд оварда, ба ҷуз ишқи худованди якто дигар ҳеҷ эҳсосотеро ба дилам роҳ намедодам. Ба мадраса дохил шудам ва ҳатто як муддат он ҷо дарс ҳам медодам. Шабона китоби муқаддаси Қуръон ва қиссаҳои диниро мутолиа менамудам, дискҳоеро гӯш мекардам, ки дар онҳо ривоятҳо дар бораи паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммад (С. С)гирд оварда шуда буданд. Боре аз як дӯкони назди мадраса ду-се китоб ва як диск харидам. Пас аз бозгашт ба хона ҳамон дискро дар магнитофон гузоштам. Дар оғозаш чанд ривояти динӣ буд, вале баъд як суруди ошиқона сар шуд. Аввал хандаам омад, ки чаро дар байни фиттае, ки сар то по дар мавзӯи дин аст, суруди ошиқонаро ҷой дода бошанд, вале дар байни чанд лаҳза ин садо маро чунон афсун кард, ки такрор ба такрор ҳамон сурудро монда “ин сароянда кӣ бошад, ки ин қадар садояш ширин аст” гӯён, ба андеша рафтам. Ногоҳ ба гӯшам овозе расид: “Ман ишқи туро дар дили ин марди худоҷӯй андохтам ва шуморо бо ҳам мепайвандам!” Росташро гӯям, бо шунидани ин овоз талхакаф шудам. Ҳаросон ба атроф нигаристам, вале дар хона ба ғайр аз худи ман ҳеҷ кас набуд. Чунон сахт тарсидам, ки дасту пойҳоям дарақ-дарақ меларзиданд. Беҳолона пуштамро ба девор такя дода, нишастам. Намедонам чанд вақт дар ҳолати шок ва бехудӣ будам, вале баъд садои зане ба гӯшам расид, ки “дар хона ягон кас ҳаст?” гӯён, аз берун овоз медод. Базӯр аз ҷоям бархоста, бо рангу рӯйи парида ба ҳавлӣ баромадам. Ҳамон рӯз борони сахт меборид. Дар дами дар зане истода буд, ки зери борон монда, шип-шилта тар шуда буд. Ношинос бошад ҳам, аз рӯйи таомули тоҷикона ӯро ба хона даъват кардам. Зан аз шарм сурх шуда, гуфт, ки хушдоманаш ӯро аз рона рондаасту ҷойи рафтан надорад ва иҷорахона кофта истодааст. Дилам ба ҳолаш сӯхт ва гуфам, ки метавонад то ягон хонаи иҷора пайдо карданаш дар иҷорахонаи ман бо мо зиндагӣ кунад. Зан хурсанд шуда сад бор раҳмат гӯён, ба хона даромад. Дар магнитофон то ҳол ҳамон суруд мерафт. “Шумо мухлиси Самӣ Юсуф ҳастед?”-пурсид меҳмон бо чеҳраи хандон.
Иқрор шудам, ки Самӣ Юсуф будани ин сарояндаро акнун аз забони ӯ шунидам, вале чанд лаҳза пеш бо ман як ҳодисаи аҷибе рӯй дод, ки то ҳол ба худ наомадаам. Зан исрор намуд, ки чӣ шуданашро нақл кунам. Ман дар бораи садои аз ғайб шунидаам ба ӯ гуфтам ва таъкид кардам, ки ақли кас ба ин бовар намекунад, чунки ман дар умрам ягон бор ин мардро надидаам ва вохӯрдани мо ғайри имкон аст, чунки ӯ дар як гӯшаи дигари олам зиндагӣ мекунад. Меҳмон бо лабханд гуфт, ки дар замони мо дурии роҳ ягон нақшро намебозад ва ба ҷону ҳолам намонда, маро маҷбур кард, ки ҳамроҳаш ба як нуқтаи компютерӣ равам. Азбаски зани деҳотӣ ҳастам, ман ба нозукиҳои техникаи компютерӣ чандон сарфаҳм намеравам, вале он зан ба номи ман почта кушода, ба Самӣ Юсуф як номаи хеле кӯтоҳ навишт ва гуфт: “Апаҷон, агар садои шунидаатон дар ҳақиқат пайке аз олами ғайб бошад, ҳатман ба номаатон ҷавоб медиҳад, агар посух надод, донед, ки ин танҳо як васвасаи шайтон будаасту халос...”
-Ба номаатон ҷавоб омад?
-Ростӣ, тамоман бовар надоштам, ки чунин марди машҳур, ки садҳо ҳазор ҳаводор дорад, ба номаи як зани ношинос посух медиҳад, вале дар муддати хеле кӯтоҳ ҷавоб омад. Нома бо номи Худованд оғоз ёфта, баъдан Самӣ Юсуф навишта буд, ки беш аз як сол боз маро дар олами рӯъёҳои худ мебинад ва кайҳо ин номаро интизор буд...
-Магар ҳамроҳи нома аксатонро низ равон карда будед?
-Не, танҳо як номаи кӯтоҳ буд, ки ҳамагӣ ду ҷумла гап дошт, вале туфайли ҳамон як нома мукотибаи мо сар шуда, оташи муҳаббат дар дилҳоямон аланга зад. Ҳамин тавр чанд сол боз ошиқи зори ҳамдигар ва мудом дар робиа ҳастем.
-Имрӯзҳо ҳазорон нафар аз номи шахсиятҳои маъруф дар интернет саҳифа мекушоянд. Шумо аз куҷо медонед, ки маҳз бо Самӣ Юсуф мукотиба доред, на бо ягон Самӣ Юсуфи сохта?
-Ман боварии комил дорам, ки бо худи Самӣ Юсуф мукотиба дорам, на бо шахси дигар, чунки ӯ таронаҳои навашро аввал ба ман равон мекунад. Пас аз чанд вақт он сурудҳо дар интернет ва фиттаҳо пайдо мешаванд. Ба ғайр аз ин бо ҳамсараш Марям низ мукотиба доштам.
-Ҳамсараш чӣ гуна аз вуҷуди шумо огоҳ гашт?
-Мо қариб ду сол танҳо бо навиштани нома ба ҳамдигар иктифо мекардем, баъд ӯ хоҳиш кард, ки аксамро барояш фиристам. Вақте суратамро равон кардам, муддати як моҳ аз Самӣ Юсуф ягон ҷавоб наомад. Гумон доштам, ки бо ҳамин достони ишқи мо ба поён расид, вале баъд ҳамсараш ба ман нома навишт, ки “эй зан, ту кӣ ҳастӣ, ки бо дидани аксат шавҳари ман мариз шуда, то ба ҳол ба худ намеояд”. Ҳамин тавр аз нақли ҳамсараш фаҳмидам, ки баъди дидани акси ман Самӣ Юсуф” ин ҳамон занест, ки чанд сол боз ман ҳамеша дар хобу рӯъёҳоям чеҳраи ӯро мебинам” гуфта, чанд вақт бехудона мегаштааст.
-Ҳамсари Самӣ Юсуф ба мукотибаву робитаи шумо бо шавҳараш чи назар дорад?
-Марям як зани худотарс аст ва ба издивоҷи шавҳараш бо ман ягон мухолифат намекунад.
-Фарида, ростӣ ман то ҳол нафаҳмидам, ки чаро шумо ин қиссаро маҳз ба сомонаи мо нақл кардан хостед. Ҳадафатон чист?
-Медонам, ки сомонаи шуморо берун аз Тоҷикистон ҳам мехонанд, аз ҳамин хотир қиссаи ишқамро нақл кардам, ки рози дил ва муҳаббату розигии худро ба пайванд ба Самӣ Юсуф бирасонам.
-Аммо навиштаҳои мо бо забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти кирилӣ нашр мешаванд ва ба гумон аст, ки Самӣ Юсуф онро бихонад...
-Забон ва ҳуруфот барои ишқе, ки оташи онро худи Аллоҳи бузург афрӯхтааст, монеа шуда наметавонад.
-Пас, шумо итминон доред, ки ба васли Самӣ Юсуф мерасед?
-Эҳтимол дигарон ба ҳоли банда биханданд, вале ман ба Самӣ Юсуф не, ба Худованди қодиру тавоно итминон дорам. Ҳамеша дар олами рӯъё ва хоб мебинам, ки бо Самӣ Юсуф дар Ҳазрати Амирҷон ҳастем ва ман дар тан либоси сафеду дар сар тоҷи арӯсӣ дорам. Умедворам, ки ишқи мо бо инояти Парвардигори меҳрубон бобарор гашта, мисли Юсуф ва Зулайхо ба васли ҳамдигар мерасем.
-Аммо Ҳазрати Юсуф паёмбари Худо буд, шумо, ки паёмбар ё авлиё нестед...
-Паёмбару авлиё нестам, вале ба Аллоҳи бузург ва мӯъҷизаҳои беназираш эътиқод дорам. Боварии комил дорам, ки садои аз олами ғайб шунидаам, пайке буд аз офаридгор ва Парвардигорам дер ё зуд маро ба муроди дил мерасонад.
-Дар бораи худатон каме маълумот медиҳед?
-Фарида ном дорам, аз деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб мебошам. Дар шаҳри Душанбе хона надорам. Дар зиндагӣ ранҷу азобҳои зиёде кашида, ду фарзандамро тани танҳо ба воя мерасонам. Бо сабаби иллати дастам айни замон бе кор ҳастам. Ягон бандаи хайрхоҳ, агар бароям кори сабуке ба мисли савдогарӣ пайдо кунад, аз ӯ як умр миннатдор мешавам. Боқӣ, ба ҳама имони комил, тани сиҳат ва хонаи обод хоҳонам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД