Formula september
Зангирӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
27.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1427

Салом! Ман марди оиладор ҳастам, аммо чанд шаб боз хоб мебинам, ки зан гирифта истодаам ва дар паҳлуям арӯси нозанине истодааст. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед! Рост аст, ки зангирӣ дар хоб фоли нек набуда, нишонаи наздик будани талоқ ва ҷудоӣ мебошад?

Н. У., сокини шаҳри Норак

Посух:

- Дар хобномаҳо зангирӣ дар хоб ба таври гуногун таъбир карда шудааст. Бархе дар ҳақиқат чунин хобро фоли бад ва нишонаи ҳиҷрону ҷудоӣ аз ёр меҳисобанд, аммо дар хобномаҳои дигар зангириро дар хоб пайки давлату сарват ва хушбахтӣ номидаанд.

Аз ҷумла дар хобномаи исломӣ зангирӣ дар хоб ҳамчун рамзи боигарӣ ва боло рафтани мақому мартабаи шахси хобдида дар байни мардум маънидод карда шудааст. Ҷавони муҷаррад хоб бинад, ки бо касе аҳволпурсӣ намуда, духтарашро хостгорӣ карда истодааст, кораш барор гирифта, ба ягон орзуи бузургаш мерасад. Марди зандор хоб бинад, ки ҳамсараш ба марди дигар ба шавҳар баромадааст, аз ягон сарчашмаи нав, ки интизораш нест, даромади калони пулӣ ба даст меорад ва вазъияти иқтисодии оилааш хеле хуб мешавад.

Зангирӣ дар хоб метавонад ҳамчунин рамзи муҳаббат ва ғамхории Аллоҳ ба шахси хобдида бошад. Марди зандор хоб бинад, ки бо духтари ҷавону зебо ва покдомоне никоҳ карда истодааст, бою бадавлат гашта, соҳиби қудрат ва мақому мартабаи баланд мешавад. Аммо марди бемор хоб бинад, ки зан гирифта истодааст, бемориаш авҷ гирифта, ба раҳмати худо мепайвандад.

Зангирӣ дар хоб нишонаи сар задани нофаҳмиҳо байни ду дилдода низ буда метавонад. Ҷавоне, ки духтари дӯстдошта борад, хоб бинад, ки бо духтари дигар издивоҷ карда истодааст, байни ӯ ва дӯстдоштааш ҷангу ҷанҷол сар зада, кор бо ҷудоӣ анҷом меёбад.

Марди аз ҳамсараш ҷудошуда хоб бинад, ки зан гирифтааст, ба доми фиреб гирифтор мешавад. Никоҳ кардан бо бевазан дар хоб аз сар задани ягон ҳодисаи нохуш гувоҳӣ медиҳад. Мард хоб бинад, ки зани хориҷӣ гирифтааст, дар борааш ягон хабари нохуш ё ғайбату бӯҳтон паҳн мекунанд

Дар маҷмуъ зангирӣ дар хоб фоли нек буда, аз сар задани ҳодисаҳои хуб ва хурсандиовар дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД