Елизаветаи II, маликаи Британияи Кабир, ки соли 2022 дар 96-солагӣ оламро падруд гуфт, ҳангоми зинда буданаш ҳамчун ҳокими 32 давлат ва сарвари иттиҳоди 54 давлати олам шинохта мешуд.
Бояд гуфт, ки ба Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ беш аз 27 миллион километр замин тааллуқ дошта, аз шаш як ҳиссаи хушкии оламро ташкил медиҳад. Ин буд, ки Елизаветаи II бузургтарин заминдори олам эътироф мегардид.
Воқеан, айни замон тамоми ин сарват ба писари ӯ Карли III, ки шоҳи ин мамлакати азим мебошад, тааллуқ дорад.