Sebiston new 2024 october
Зане, ки 38 дандон дорад
07.12.2024
ОИЛА.ТҶ
552

Зани 26-солаи ҳиндӣ Калпана Балан бо шарофати 38 дандон доштанаш ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гаштааст.

Дандонҳои иловагии духтар ҳангоми наврас буданаш пайдо шуда буд. Бо вуҷуди он, ки дандонҳои зиёдатӣ барояш ягон нороҳатӣ эҷод намекарданд, волидон мехостанд, ки духтарак дандонҳояшро канда партояд. Калпана бошад, аз духтури дандон сахт метарсид.

Ҳоло ҳиндузан 6 дандони иловагӣ, 4 дандон дар поён ва 2 дандон дар қисмати болои чоғи даҳон дорад.

Рекорди дигари ҷаҳонӣ насиби марди канадагӣ Эвано Меллоне гаштааст, ки 41 дандон дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД