Раъно мисли мӯйи дар оташ афида, дар оташи ҷигарсӯзи рашку ҳасад печутоб хӯрда, дарун ба дарун месӯхт.
Андешаи қасос гирифтан кайҳо боз сабру таҳаммул ва орому қарорро аз ин зани бадкина рабуда буд. Шабҳо то саҳар хоб накарда, фикр мекард, ки чӣ тавр интиқом гирад. “Ҳоло ист, коре мекунам, ки як умр аз ёдат набарояд! Чунон туро боб кунам, ки худат бале гӯйӣ. Ту ҳоло бо собуни ман ҷомашӯӣ накардаӣ”- хаёлан бо “душманаш” мунозира карда, мегуфт худ ба худ ин зани бадандеш ва нақша мекашиду нақша мекашиду нақша мекашид...
Нақшаи аҳриманӣ
Раъно чанд рӯз фикр карда, билохира, ба қароре омад, ки Усмонҷони 3-соларо ба ҳадаф мегирад. Азбаски худаш аллакай модари 3 фарзанд буд, хеле хуб медонист, ки волидон ба хотири фарзандонашон ба ҳама гуна қурбонӣ розӣ мешаванд ва лозим ояд, ҳатто аз баҳри ҷонашон ҳам мегузаранд. Аз ҳамин сабаб, ин зани бадандеш маҳз фарзанди Наврӯзбек Назаров-Усмонҷонро интихоб намуда, қарор дод, ки бо кадом роҳе набошад, кӯдакро ба домаш афканда медуздад ва минбаъд ҳамчун яроқ дар муқобили падару модараш истифода мебарад.
Бача дар ҷевон
Раъно дар макру ҳилла устухон надошт ва Усмонҷони 3-соларо бо найранг ба осонӣ ба домаш афканда, ба манзили зисташ овард. Ҷавонзани беандеша кӯдаки маъсумро дар даруни ҷевон пинҳон карда, ба падари Усмонҷон-Наврӯзбек номаи тақдирсӯзе навишт.
“Занатро талоқ кун, набошад бачаатро намебинӣ!”
Наврӯзбек Назаров ва ҳамсараш Абуева М П. аз якбора бедарак шудани писарчаи 3-солаашон сахт ба таҳлука афтода, хуни ҷигар мехӯрданд. Модари Усмонҷон зор-зор гиря мекард, падар низ оҳи сӯзон кашида, сарашро ба сад дар мезад, то аз писаракаш ақаллан ягон ному нишоне ёбад, вале гӯё замин кафида, кӯдкро фурӯ бурда бошад, касе ба куҷо ғайб задани ин тифлаки маъсумро намедонист. Дар ҳамон лаҳзаҳои ҳасос ба дасти Наврӯзбек номаи мармузе расид. “Ба ту як соат вақт! Талоқи занатро дода, аз хона пеш кун, набошад дигар фарзандатро намебинӣ!”-таҳдид карда буд муаллифи мактуб. Бо гирифтани ин номаи бехирадона хун ба сари мард зад, охир кадом одами кӯрдил метавонад чунин талаби тақдирсӯзро ба миён гузорад. Наврӯзбек байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист, вале...
Чоҳкан зери чоҳ
Мардуми тоҷик мақоли пурҳикмате доранд: “Чоҳкан зери чоҳ!” Раъно низ ба чоҳи кандааш худаш сарозер афтод ва сирраш фош гашта, ба чанги кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афтид.
Ҳанӯз дар лаҳзаҳои аввалини ба чанг афтиданаш зан ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, ба гардан гирифт, ки танҳо бо мақсади интиқом гирифтан кӯдаки хурдсол Усмонҷон Назаровро ба хонааш бурда, дар ҷевон маҳкам кардааст ва мехост бо ҳамин роҳ оилаи Наврӯзбек Назаровро вайрон намуда, мардро ба талоқ додани ҳамсараш маҷбур намояд.
Пушаймонӣ
Раъно аз кори кардааш сад бор пушаймон буд ва зориву тавалло мекард, ки ба хотири се фарзанди ноболиғаш аз гуноҳаш гузаранд. Вай гаштаву баргашта аз волидони Усмонҷони хурдакак бахшиш мепурсид, ки бо рафтори беақлонааш онҳоро ин қадар ташвишу ҷигархун ва сарсону саргардон кард.
Модари Усмонҷон, ки табиатан зани раҳмдил буд, дилаш ба ҳоли ин ҷавонзани беандеша сӯхта, дар рафти мурофиаи судӣ изҳор дошт, ки хушбахтона фарзандашро сиҳату саломат дарёфт ва аз гуноҳи Раъно гузашта, нисбати ӯ ягон даъво надорад, аммо...
Ҳукм
Бори аввал ҷиноят содир намудан, аз кардаи худ сидқан пушаймон шуда, ба гуноҳаш пурра иқрор шудан, модари 3 фарзанди ноболиғ будани судшаванда, шикоят надоштани тарафи ҷабрдида ва дигар ҳолатҳои корро ба назар гирифта, Хоҷаева Раъно Талбакшоҳовнаро суд дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 131. қисми 2 банди “д”-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор ва ба мӯҳлати 3 сол аз азодӣ маҳрум намуд.
Ҳамин аст сазои Раъно барин занҳои беандешае, ки оқибати кирдори худро фикр накарда, қасди расонидани зарар ва вайрон кардани хонаи бахти дигаронро менамоянд.
Ширинзода Ҷ,
судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ