Салом! Ростӣ, чанд вақт боз мушкиле маро азият медиҳад, вале то ба имрӯз ҷуръат намекардам дарди диламро бигӯям. Дирӯз номаи мардеро дар сомона мутолиа намуда, ман ҳам қарор додам ҳодисаи аз сарам гузаштаро нақл карда, маслиҳат бипурсам.
Мо дар оила 7 писару духтар ва ҳамаамон оиладорем. Ман писари хурдии хонавода ҳастам. Се сол пеш оиладор шуда, соҳиби як писарча гаштам, занам боз ҳомила аст ва худо хоҳад, рӯзҳои наздик бояд таваллуд кунад, аммо як моҷарои оилавӣ зиндагии маро қариб ба вайронӣ расонидааст.
Вақте ки бародарони калониам хонадор шуданд, ман ҳанӯз кӯдак будам. 5 янгаам одамони хубанд ва ман онҳоро мисли апаҳоям дӯст медорам, вале янгаи шашумам бисёр зани бадтол ва ҷангара аст. Пештар вай бо хоҳарам ва дигар янгаҳоям соз намегирифт ва мудом мӯйканию рӯйканӣ мекард. Хоҳарам шавҳар карда рафт, янгаҳоям бошанд, хонаҳояшонро ҷудо карда, аз ин балои дупо халос шуданд, вале акнун янгаи бадтолам ба зани ман часпида, ӯро рӯз намедиҳад. Ман тарафи занамро намегирам, вале рӯзҳое, ки дар хона ҳастам, бо чашми худ мебинам, ки янгаам дасташро ба оби сард ҳам намезанад. Тамоми кору бори хона бар дӯши ҳамсари ҳомилаи ман аст, барои ҳама аҳли оила хӯрок мепазад, натанҳо либосҳои ман ва падару модарам, балки сарулибоси кӯдакони янгаамро низ шуста дарзмол мекунад, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан, янгаи морзабонам зани маро ҳамеша “камбағалдухтари гадо” гӯён таъна мезанад, меранҷонад ва таҳқир мекунад. Занам духтари сарпаст аст ва ба рӯйи янгаам гап гардонда наметавонад, вале шабҳоро бо гиря рӯз мекунад.
Хулласи калом, боре тарафи занамро гирифта гуфтам, ки янга, ҳамин духтар чанд сол боз дар хизмати тамоми аҳли оила аст, хонаву ҳавлӣ мерӯбад, мешӯяд, барои шумо ва шавҳару фарзандонатон хӯрок мепазад, чаро ба ҷойи шукрона кардан, дили ӯро озор медиҳед?! Дар ҷавоб янгаи шаттоҳам “аз зангириат 4-5 сол нагузашта, аллакай ғуломи зан шудаӣ-ку! Эй мур ба ин рӯзат, занкалони худозада” гӯён, қиёматро қоим кард ва маро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дод.
Косаи сабрам лабрез гашта, янгаамро ду-се мушти обдор задам. Бо доду фиғон ба хонаашон рафта, падару бародаронашро ба сарам овард. Акаҳояш маро лагадкӯб карданд, вале падарашон одами ботамкин будаасту асли гапро фаҳмида, бахшиш пурсид.
Пас аз ин ҳодиса янгаи каждумзабонам зани маро чунон азоб дод, ки дигар тоқат карда натавониста, аз хона баромада рафт. Чанд бор ба сараш рафтам, вале мегӯяд, ки то рӯзи қиёмат рӯйи янгаатро дидан намехоҳам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, янгаам ҳодисаро ба таври дигар шарҳ дода, ба ҳақу ҳамсояҳо гуфтааст, ки додаршӯям як марди латтаи занкалон аст, занаш ӯро тамоман писанд намекунад...
Падару модарам мегӯянд, ки бачам, тоқат кун, акаат аз Россия биёяд, хонаашро ҷудо мекунем, вале метарсам, ки аз рӯйи ин зани бадтол боз ба ягон балои дигар гирифтор нашавем.
Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
С. Д.