Formula novemver 2024
Занам рафту маро “кидат” кард
11.06.2022
ОИЛА
2047


Ман марди 25-сола, тоҷир, соҳиби як қатор мағозаву дӯконҳои шахсӣ ҳастам. Зану ду фарзандамро бениҳоят дӯст медораму чун гавҳараки чашм нигоҳубин мекунам.

Занам хубу меҳрубон, зебосанам, вале хеле бадрашк аст. Азбаски аз уҳдаи нигоҳубини чанд зан ба хубӣ мебароям, мехоҳам боз 2 ё 3 зани дигар дошта бошам. Аз худам боварӣ дорам, ки ҳатто агар 4 зан гирам ҳам, ҳамаашро баробар таъмин ва нигоҳубин карда метавонам. Дар ин бора бо занам борҳо маслиҳат кардам, вале ӯ тамоман барои зан гирифтанам розигӣ намедиҳад. Ман ҳатто розӣ ҳастам тамоми хоҳиш ва шартҳояшро иҷро кунам. Як муддат занам гуфт, ки ба шарте барои зан гирифтанам розӣ мешавад, ки барояш хонаи алоҳида харида, ӯро ба Ҳаҷ равон кунам. Хоҳишҳояшро иҷро кардам, вале занам аз фикраш гашт.

Пайваста таҳдид мекунад, ки агар зан гирифтанамро фаҳмад, кӯдаконро гирифта аз хона меравад. Ман бошам, фарзандонамро бениҳоят дӯст медораму зиндагиямро бидуни онҳо лаҳзае тасаввур карда наметавонам. Хонандаи азиз! Хоҳишмандам ба ман дар мушкили ба сарам омада кумак расонед.
Д.Р.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД