Ману занам бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда, соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяк гаштем. Хонаи мо ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои оилаам ба ғайри шири мурғу ҷони одам дигар ҳама чизро муҳаё мекардам.
Занам аз танҳоӣ зиқ нашавад гуфта, ба хона интернет гузарондам. Аз чизе танқисӣ надошт, гули чизро мехӯрду гули чизро мепушид. Милиса барин ҳамеша аз паям поида, «кӣ занг зад?», «чаро дер омадед?», «барои чӣ бӯйи атри занона мекунед?», «чаро ишкаматон сер?» гуфтанҳояш ба ҷонам зада буд, вале гумон надоштам, ки дар набудани ман бо марди бегона тариқи интернет чақ-чақ мекунад. Вақте паёмакҳояшро бо марди бегона хондаму хонаро ба сарам бардоштам, ин занаки беақл кори кардаашро гуноҳ ҳисоб накарда, мегӯяд, ки танҳо бо интернет гап задаасту боре он мардро надидааст.
Тариқи интернет ба ман хиёнат кардан шояд барои вай як кори муқаррарӣ бошад, вале ман наметавонам умрамро бо чунин як зани бевафо хазон намоям. Метавонад ба ҳамон ошиқи интернетиаш ба шавҳар барояд. Зӯраш агар ба нигоҳубини кӯдакон нарасад, фарзандонамро оварда, дар хонаи модарам монад, ман худам онҳоро калон мекунам. Хонаи серу пури маро дигар ҳатто дар хоби шабаш ҳам намебинад.
Гуноҳи занамро ҳеҷ гоҳ намебахшам!
Д.