arzon replenishment
Зан морро газида кушт
07.04.2025
Oila.tj
497

Маъмулан одамон бар асари газидани мор мемиранд, вале дар Бразилия як зан мори кобраро чунон сахт газидааст, ки мори бечора аз захми дандонҳои зан мурдааст.

Тавре “Рамблер” хабар додааст, зане, ки морро газида куштааст, посбони боғчаи бачагона шуда кор мекунад. Вақте ки посбонзан дари боғчаи бачагонаро кушода ворид мешавад, мор аз ангушташ газидааст. Аз тарси он ки ин хазандаи заҳрнок кӯдакони хурдсолро нагазад, зани захмишуда морро бо ҳарду даст маҳкам дошта, чунон сахт газидааст, ки мори заҳрнок ҷо ба ҷо мурдааст.

Пас аз чанд лаҳза ҳолати зан бад шуда, сараш ба чарх задан медарояд. Дар ҳамин ҳолат зан мори куштаашро бо худ гирифта, ба беморхона рафтааст. Табибон муайян кардаанд, ки занро мори хавфноки кобра, ки лақабаш “Королевская кобра” мебошад, газидааст. Заҳри ин навъи морҳо бениҳоят хатарнок буда, одамро мекушад, вале хушбахтона табибон тавонистаанд занро аз марг наҷот диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД