sebiston july new
Зан хона дошта бошад, мард ғулом мешавад!
17.08.2024
ОИЛА.ТҶ
2006

Як дугонаи зебо дорам, ки дар зиндагӣ хонаву дар, мошин, ҷойи кори сердаромад, ҳама чиз дораду бахт не. Ҳар боре ҳамроҳаш ба кӯча бароем, нигоҳи пурҳаваси мардонро ба сӯи дугонаи нозанинам дида, ҳис мекунам, ки мардҳо сараввал ба ҳусни зан диққат медиҳанд.

Дугонаам ду бор шавҳар карда бошад ҳам, бо сабаби бефарзандӣ ҷудо шудааст. Хостгоронаш хеле зиёданд, ҳатто ҷавонони аз худаш қариб бист сол хурд низ ба дугонаам пешниҳоди оиладоршавӣ мекунанд. Ҳатто шавҳари худам, ки ба зиндагии дугонаам сахт таваҷҷуҳ дорад, чанд бор ба ман шӯхикунон “дугонаат маро намегирад?” мегӯяд.

Русҳо мегӯянд, ки дар ҳар шӯхӣ заррае аз ҳақиқат аст. Боварӣ дорам, ки шавҳарам шӯхӣ кунад ҳам, дилаш ба дугонаам кашол аст. Чанд бор бо сабаби чунин шӯхиҳояш сахт ҷанг шудем, шавҳарам маро гунаҳкор карда мегӯяд, ки гӯё шӯхиро намебардорам.

Ман ҳаминро дарк кардам, ки агар зан хона дошта бошад, мард ғуломаш мешавад!

Хонандаи Оila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД