Салом! Ман шаби гузашта хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам девона шуда, бо мӯйҳои жулидаи парешон ва сару рӯйи пур аз чирку лой доду фиғонкунон одамонро бо санг мезадам. Падару модарам ҳарчанд, ки кӯшиш карданд, мани ҷунунзадаро ҳеҷ ором карда натавонистанд. Оқибат дасту поямро баста, дар як хонаи торик қулфам карданд. Ба даҳшат афтода, бо тамоми овоз дод гуфтам ва бедор шудам. Дилам аз шиддати тарсу ҳарос қариб аз кор монда буд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
М. Т.
Посух:
- Ташвиш накашед, хоби шумо таъбири бад надорад. Тавре дар хобномаҳо омадааст, агар зан хоб бинад, ки девона шудааст, шавҳараш сарватманд мешавад ё ягон марди машҳур ва бадавлат ба ӯ ошиқи зор шуда, пешниҳоди хонадоршавӣ мекунад.
Фақат девона шудани кӯдак дар хоб фоли хуб нест. Зан хоб бинад, ки фарзандаш девона шудааст, бояд ҳушёр бошад, зеро ҷунуни фарзанд дар хоб гувоҳи он аст, ки падари хонадон думболи зани дигареро гирифта, аз баҳри хонаводааш мегузарад.
Аагар мард хоб бинад, ки девона шудааст, кораш якбора бобарор гашта, пули хеле калон ба даст меорад. Эҳтимол дар лоторея бурд мекунад ё аз ягон манбаи дигар даромади калон ба даст меорад.