Ман як зани танҳо ҳастам ва бо сабаби маълумот ё касбу ҳунар надоштанам кӯчарӯб шуда кор мекунам.
Табиист, ки корамон аз шаб оғоз мешавад ва вақте ки дигарон масти хобанд, мо кӯчаву пасткӯчаҳои шаҳрро аз хазонбаргҳо ва чирку ифлосиҳои дигар рӯфта, тоза мекунем. Шахсан барои худи ман роҳрӯбӣ ягон ҷойи шарму ҳаё ё нангу номус кардан надорад, чунки меҳнати ҳалол карда, нони ҳалол мехӯрам, вале як-ду ҳамсояи муллобашара дорем, ки мудом ба ман эрод мегиранд. Ба гуфти онҳо шабона ба кор рафтан ва кӯчаҳоро рӯфтану бо одамони номаҳрами бисёре рӯ ба рӯ гаштани зани мусалмон гуноҳи азим будааст. Мехоҳам донам, ки гапҳои ҳамсояҳоямон то куҷо асос доранд? Илтимос, маслиҳатам диҳед, агар кӯчарӯбӣ гуноҳ бошад, пас ман чи кор кунам?
Умеда, сокини пойтахт.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз, роҳрӯбӣ на айб аст, на гуноҳ. Барои пеш бурдани зиндагӣ ба ҳар шахс лозим аст, ки ба касбу кори ҳалоле машғул бошад. Пайғамбарони гузаштаамон ҳар кадом ба касбе машғул буданд. Машғул шудан ба коре пеши роҳи дуздию талбандагиро мегирад. Одати талбандагӣ (гадоӣ) ба инсон зиллат (хорӣ) меорад ва гуноҳ аст. Мавлавӣ Насруллоҳи Шоҳбахш дар китоби «Ганҷинаи одоби исломӣ» навиштааст: «Агар чунин мусибате пеш омад, ки ғайри талбандагӣ дигар илоҷе надорад, дар ин сурат бояд аз ашхоси худотарсу олиҳиммат, соҳибиститоъат (қудрат ва тавоноӣ дошта) талаб намояд, ки дар талаб кардан аз онҳо зиллат (хорӣ) камтар аст».
Аз талбандагӣ дида, алаф ва ҳезумфурӯшӣ ҳазорон дараҷа беҳтар аст, зеро инҳо меҳнати ҳалоланд, ба шарте, ки аз роҳи дуздӣ набошанд.
Агар бе талбидан шахси олиҳиммате ба касе пулу молеро ба унвони садақа ё туҳфа бидиҳад, дар қабули он ишколе нест. Яъне, гирифтану истифода кардан ҷоиз аст. Шумо на гадоӣ мекунед ва на ба сӯйи касе дасти тамаъ дароз намудаед. Меҳнати ҳалол карда, нони худро ҳалол карда мехӯред. Ба гапҳои дигарон аҳамият надода аз паси кору бори худатон шавед, албатта худованд ризқу рӯзиатонро медиҳад.