arzon replenishment
Зан гирифтани шавҳар дар хоби зан чӣ таъбир дорад?
6257

Ман зани оиладор ҳастам. Аз баски бемор шудам, зиёдда аз 10 рӯз шуд, ки дар хонаи модарам мебошам.Имруз сахар баъди намози бомдод хоб дидаам, ки шавхарам тӯй дорад ва ман либосҳояшро омода карда истодаам. Тӯй дар ресторан барпо мешудааст ва шавҳарам ба ман мегӯяд, ки мо ҳозир меравем, шумо шаб биёед.

Абдулваҳобова З., сокини ш. Норак

Хоҳари азиз! Тӯй дар хоб фоли нек буда, аз сар задани ягон рӯйдоди нав ва муҳим дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад. Хоб бинед, ки тӯю сур аст ва ҳама рақсу бозӣ доранду шумо ҳам қатори дигарон хурсандӣ карда истодаед, бо шахси орбуманде шинос мешавед, ки ҳаётатонро дигаргун сохта метавонад.

Кас дар хоб худашро келин ё домоди хушбахт бубинад, комёбии бузурге дар зинагӣ насибаш мегардад. Эҳтимол коре, ки шахси хобдида ба тозагӣ оғоз кардааст, барор гирифта, барояш обрую нуфуз ва даромади калон биёрад.
Акнун меоем сари хоби дидаи шумо. Аслан хоб се навъ мешавад: Хобҳои раббонӣ, ки як навъ огоҳӣ аз ҷониби парвардигори олам мебошанд. Хобҳои шайтонӣ-қувваҳои аҳриманӣ ба василаи чунин хоб мехоҳанд оромии инсонро рабуда, ба гирдоби тарсу ваҳм афкананд. Ниҳоят хобҳое, ки аз зершуури инсон ҳосил мешаванд, яъне шахс дар бораи ягон мавзӯъ зиёд фикр мекунад ё нигарон аст ва ҳамин чиз боиси дидани ҳар хел хобҳо мегардад, ки аслан таъбир надоранд. Шумо навиштаед, ки бо сабаби беморӣ муддати 10 рӯз боз дар хонаи модаратон ҳастед.

Маъмулан занҳо хеле бадрашк мешаванд. Вақте ки зан аз шавҳараш дур аст ва фикр мекунад, ки шояд ҳамсараш дар набудани ӯ бо зани дигар робита барқарор кунад ё кадом як зани ношиносеро ба хона бимёрад, метавонад боиси дидани чунин хоб гардад, вале...

Дар хобномаҳои исломӣ омадааст, агар зан хоб бинад, ки шавҳараш зани дигар гирифта истодааст, бояд дар боби муносибатҳои оилавиаш ҷиддитар фикр кунад. Агар байни ин зан ва шавҳараш ягон нофаҳмӣ сар зада бошад ё дар муносибатҳои оилавиашон мушкилие ҷой дошта бошад, шахси хобдида бояд кӯшиш намояд, ки хатои худро ислоҳ карда, дили ҳамсарашро бо забони ширин ва меҳрубонӣба даст орад. Сабаб дар он аст, ки зан гирифтани шавҳар дар хоби зан чандон фоли хуб нест ва ба канда шудани муносибатҳо ишорат мекунад.

Аллоҳи меҳрубон ба василаи чунин хоб занро огоҳ месозад, ки ҳушашро ба сараш бигирад ва ба шавҳараш бештар диққат диҳад, то бахти худро аз даст надиҳад. Ногуфта намонад, ки чунин хоб боз як таъбири дигар низ дорад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки тӯйи шавҳар дар хоби зан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳаёти ҳамсараш, яъне мард ягон ҳодисаи хеле хуб ба вуҷуд омада, дар байни мардум соҳиби обрӯю нуфуз мешавад ва зиндагии серу пур насиби ин оила мегардад.

Шумо навиштаед, ки дар хобатон шавҳаратон тӯй дошт ва шумо либоси домодии ӯро дарзмолу тамиз мекардеду ҳамсаартон таъкитд кард, ки бегоҳ ҳатман ба тӯй равед, мо боварӣ дорем, ки хоби дидаи шумо таъбири хуб дорад ва ҳамсаратон ба ягон комёбии бузург дар зиндагӣ ноил гашта, соҳиби обрӯю мартабаи баланд мешавад ва шумо ҳамчун ҳамсари вафодораш дар канораш монда, ин хурсандию хушбахтиро бо ҳам мебинед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
А исфара 2023-06-18, 16:43
Табири хоба чихел нависам газетава
Посух
А исфара 2023-06-18, 16:46
Ман мактхои охир занбурхонаи безанбуро бисйор хоб мебинам илтимос табирашо нависед пешаки Ташакур
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
А исфара 2023-06-18, 16:43
Табири хоба чихел нависам газетава
Посух
А исфара 2023-06-18, 16:46
Ман мактхои охир занбурхонаи безанбуро бисйор хоб мебинам илтимос табирашо нависед пешаки Ташакур
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД