Ман марди 49-сола ҳастам. Ду сол қабл завҷаам баъд аз бемории тӯлонӣ ин дунёро падруд гуфт. Аслан панҷ соли охир занам касал буду мо умуман дар хонаҳои алоҳида хоб мерафтем.
Ба хотири шифо ёфтани модари фарзандонам ҳама кори аз дастам меомадаро кардам, вале завҷаам дар пеши чашми мо рӯз ба рӯз хазон шуда, оқибат вафот кард. Се духтарам шавҳар карда рафтаанду ман ҳамроҳи писару набераҳоям дар як ҳавлии калон танҳо зиндагӣ мекунем. Бояд иқрор шавам, ки ман як марди зебои соҳиби ҷои кори хуб ва мошину имкониятҳои хуби иқтисодӣ ҳастам ва занҳои зиёде ба ман таваҷҷуҳ доранд. Вале фарзандонам аз рӯзи марги модарашон маро таъқиб карда, пайваста телефону паёмакҳоямро тафтиш карда меистанду бо нолаву фиғон талаб мекунанд, ки мабодо бо зани дигар алоқа пайдо накунам.
Боре дар телефонам паёмакҳои маро бо зане мутолиа намуда, духтари калониям ба назди ҳамон зан рафта, шӯру қиёмат барпо кард. Баъди ин ҳодиса занҳои ҳамкорам худро аз ман канор гирифта, кӯшиш мекунанд, ки ба ман умуман занг назананд.
Азбаски фарзандонамро хеле дӯст медораму аз аввал эрка калон кардаам, онҳоро сарзаниш карда наметавонам. Хусусан баъди марги модарашон онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки бо ман наздиктар бошанду қариб ҳар шом якҷоя хӯрок тановул карда, то ними шаб суҳбат мекунем. Дар ҳоли ногуворе қарор дорам, намедонам ба фарзандонам чӣ гуна фаҳмонам, ки ҳар як мард ба зан ниёз дорад. Онҳо зан гирифтани маро умуман қабул надоранд.
Баҳриддин.