Мардҳо ҳамеша аз сергапии занҳо шикоят мекунанд, вале на ҳамаи бонувон бо ин андеша розӣ ҳастанд. Бо мақсади собит сохтани андешаи мазкур равоншиносони ҷаҳон пас аз як таҳқиқоти психологӣ ба ин натиҷа расиданд, ки мардҳо зимни гуфтугӯйи ҳаррӯза тахминан 14 ҳазор ва занҳо 26 ҳазор калимаро истифода мебаранд.
Пас аз пурсиш аз занҳо дар мавриди он ки чаро қариб ду баробар нисбат ба мардҳо гап мезананд, чунин посух гирифтанд: «Ба мардҳо барои фаҳмондани масъалае бояд даҳ бор ба даҳ шеваву тарз онро такрор намудан лозим меояд». Яъне, маълум мешавад, ки маҳз мардҳо бонувонро ба бисёр гап задан водор месозанд.