arzon replenishment
Зан ҷафою саг вафо (ҚИСМИ 2)
1278

Расул дар ду хонаи дар шаҳр будааш иҷоранишин гирифту худаш ба деҳа рафта, зиндагиро он ҷо ихтиёр кард. Аввалҳо апаҳояш барояш хўрок пухта меоварданд, аммо баъдҳо худаш мустақилона бисёр корҳоро мекард.

Расул аз язнааш хоҳиш кард, ки барояш як саг биёрад, баъди чанде саги сиёҳ-сафеди зоти Алатой дар ҳавлии бошукўҳи Расул пайдо гашт. Ба саг Вафодор ном гузоштанд, Вафодор аз бари соҳибаш ягон лаҳза дур нест ва чашмони бинои ўст.

Равшанзамир

Барои Расул пули нафақааш, пули иҷораи хонаҳояш, ҳиссаи пулаш аз тиҷорати падараш, ки онро ҷиянаш писари Зебанда пеш мебурд, зиёдатӣ буд. Агар шахс то дуруст аҳмият намедод, намефаҳмид, ки Расул нобино аст. Ў субҳи барвақт ҳанўз деҳа дар хоби ноз қарор дошт, намозашро мехонду ҳамроҳи Вафодор ба лаби наҳри деҳа мерафт, он ҷо бо пули худаш чанд харак сохта буд, ки мардум мешиштанду аз навои наҳри кўҳӣ ҳаловат мебурданд. Ҳама аҳли деҳа ба Расул эҳтироми хоса доштанд, корафтодаҳои зиёд дарашро мекуфтанд, азбаски шикастабанди хуб буд, ба дарди мардуми корафтода марҳам мешуд. Аз ноҳияҳои гирду атроф низ ба суроғаш меомаданд. Чанд оила аз деҳа ба ў пешниҳоди оиладоршавӣ бо духтаронашонро низ карданд, аммо Расул рад кард. Ҳамсинфаш Хушнамо, ки барои бефарзандӣ аз ҳамсараш ҷудо шуда, дар мактаби деҳа муаллима буд, худаш наздаш омада гуфт:

- Расулҷон, аз рўзе худро шинохтам, туро дўст медоштам, аммо аз баёни ишқ метарсидам. Баъдҳо модарат Зарминаро зери чашм карду ман аз ин орзуи ботил даст кашидам. Агар розӣ шавӣ, ман ҳамсафари доимият мешаваму хизмататро мекунам, агар Худо ба мо фарзанд диҳад, хуб, надиҳад ягон кўдаки хешу таборро гирифта, калон мекунем. Ту гумон накунӣ, ки ман барои сарвату давлатат ҳамин корро мекунам, майлаш аз никоҳи расмӣ намегузарем, никоҳи мусулмонӣ мекунему халос.

Расул радаи дандонҳои марворидсонашро нишон дода хандиду посух дод:

- Хушнамои ҷон ту будӣ, магар духтаре бо он қаду сурат ва мўйҳои ҳалворанги марғула метавонад ба дили мард ҷой нагирад?! Аммо ман дигар зан намегирам…

- Наход ба хотири Зарминаи бевафо ту ба рўи зиндагии худат хатти батлон кашӣ?,- пурсид Хушнамо.

Расул ин даъфа ҷиддӣ гуфт:

- Зармина ҳақ дошт, ки интихоби худро кунад. Ў ҳам зани хуб будааст, вагарна метавонист аз кӯрии ман истифода бурда, чизе хоҳад, бикунад.

Бо ҳамин гуфтугўи ду ҳамсинф ба охир расид.

Зан ҷафою саг вафо
Панҷ сол ҳамин гуна пушти сар шуд ва як субҳи солеҳон пушти дарвозаи боҳашамати Русул таксие истод ва аз он зани сиёҳпўше баромада, аз дарвозаи кушода вориди ҳавлӣ шуд. Зармина даромадан замон худро пеши пойи Расул, ки сари мизи чойхўрӣ қаҳва менўшид, партофта зор-зор гирист ва бахшиш пурсид, Расул аввал дасту по гум кард ва баъд худро ба даст гирифта гуфт:

- Э хез аз ҷоят, айб мешаваде!

Зармина нақл кард, ки шавҳари саватмандаш мурд ва зани аввалу фарзандонаш ўро зада-зада аз қаламрави Туркия ронданд. Ҳоло чизе надорад, ки зиндагӣ кунад…

Расул ба дасти зани собиқаш маблағи муайян дода гуфт:

- Илтимос, дигар остонаи ин дарро фаромӯш кунед. Шумо ҷавон, солим, Худо хоҳад, бахти худро меёбед.

Зармина бошад, такрор ба такрор мегуфт, ки “маро бубахш!”. Расул истодагарии Замираро дида, асабиёна гуфт:

- Не хонум, ман туро бахшам, Вафодор хафа мешавад!

Вафодор поёни пойи соҳибаш забонашро бароварда, бо ҳайрат ба зани сияҳпўши гирён менигарист. Зармина дар чашмони дурахшони саг мақоли машҳури «Зан ҷафо - саг вафо»-ро хонд…

Ин қисса воқеист, ман онро рўи коғаз оварда, ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, зеро занони бовафою боҳаёи бисёре ҳастанд, ки дар ҳама ҳолат паҳлӯи ҳамсари хеш ҳастанд.

Нисо ХОЛИД  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД