Замбурӯғ умри одамро дароз мекунад?
Сабаби асосии он ки замбурӯғро бояд бештар истеъмол кард, дар он аст, ки замбурӯғ дорои полиаминҳо, яъне моддаҳое мебошад, ки боиси дарозумрии инсон мегарданд. Маълум мешавад, ки замбурӯғхӯракҳо умри дароз мебинанд. Тавре ташхису тадқиқотҳо нишон додаанд, дар ҷисми нафарони дарозумр миқдори зиёди полиаминҳо вуҷуд дорад. Яке аз полиаминҳои беҳтарин ин спермидин аст. Мувофиқи тадқиқотҳо спермидин, ки дар таркиби замбурӯғ зиёд ба қайд гирифта шудааст, умри инсонро дароз ва аз бемориҳои дилу рагҳои хунгард муҳофизат мекунад.