arzon replenishment
Замбӯр - рамзи боигарӣ
07.03.2025
Oila.tj
251

Дар тангаҳои шаҳри Юнони Қадим - Эфес тасвири замбӯр нақш шудааст. Харобазори барқароркардаи ин шаҳр ҳоло дар ҳудуди Туркия воқеъ аст, ки дар замони антиқа ин полис (шаҳр дар забони юнонӣ) бо яке аз муъҷизаи олам - маъбади Артемида машҳур буд.

Рамзи Артемида замбур ҳисоб шуда, коҳинзанони онро “мелисса” - замбӯрони асал меномиданд. Маҳз барои ҳамин тангаҳои Эфесро аксаран тасвири замбӯр оро медод. Қариб ҳазор намуди чунин тангаҳо мавҷуд аст. Новобаста аз харобиҳоибешумори маъбади Артемида, аз ҷумла оташзании он аз ҷониби Герострат соли 356-и пеш аз мелод, шаҳр сикказании тангаҳоро бо сурати замбӯр идома медод.

Соли 133-и пеш аз милод Эфес як қисмати Империяи Римроташкил доду, аз ин замон баровардани тангаҳо хотима ёфтанд.

Дигар шаҳрҳои юнонӣ ҳам, аз сабаби муносибатҳои пайвастаи тиҷоратӣ, тангаҳои тасвири замбӯрдорро сикка мезаданд.

Мисол, соли 202-и пеш аз милод, иттифоқи Эфес бо шаҳрифиникии Арадос ба пайдо шудани ин рамз дар тангаҳои Арадос гашта буд.

Замбӯр ду меъда дорад: яке барои ҳал кардан, дигарӣ барои нигаҳдории шаҳдест, ки ба асал табдил меёбад, инчунин кандуи шаҳд– хонаи замбурномида мешавад.

Замбӯри корӣ тақрибан 40 рӯз умр дида, дар ин вақт зиёда аз 7000 гулро мегардад, то 5 грамм асал ҷамъоварад, ки ин тақрибан як қошуқчаро ташкил медиҳад. Он барои мо ҳамагӣ як чакра асал бошад ҳам, барои ин замбӯр меҳнати тамоми умраш аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД