arzon replenishment
Задани кӯдак роҳи тарбия аст?
642

Бисёре аз волидон ҳанӯз ҳам бар он муътақиданд, ки задан ва муносибати сард бо кӯдак як қисми тарбия ҳисоб мешавад. Аммо, ин рафтор тамоман хато ва ғалат аст.

Баъзе аз волидон ақида доранд, ки кӯдак бояд аз як кас тарсад. Яъне, агар коре ё амалеро, ки ба ӯ мефармоянд, вале анҷом намедиҳад, бо гуфтани номи шахси метарсидааш, чаққонак мешавад. Аммо, ин амал кӯдакро дарундор мекунаду иҷозат намедиҳад, ки норозигии худро баён намояд ва ин рафтор дар ӯ доимӣ мешавад.

Дар натиҷа ӯ хаёлӣ мешавад ва дар зеҳни худ фантазияҳои гуногун месозад. Тарс дар кудакӣ зеҳни ӯро ошуфта менамояд, ба касалиҳои гуногуни руҳӣ гирифтор мекунад, аз ҷумла воҳима, асабоният, хаёлбофӣ, зуҳуроти соматикӣ, ақибмондагии зеҳнӣ ва ғайраҳо. Ӯ олами атрофро нодуруст барои худ кашф мекунад. Ба худ меандешад, ки волидонам ва ё шахсони аз ҳама наздикам бо ман чунин рафтор кунанд, пас дигарон аз инҳо бадтаранд.

Қисми зиёди волидонро сабаби задани кӯдакашонро як гапро чанд маротиба такрор намудани онҳо ё нагирифтани гапи калонсолон мегӯянд. Ин, албатта, хастакунанда аст, аммо кӯдак қобилияти фаҳмишеро, ки волидон доранд, надорад, яне мағзи сараш то андозаи шахси калон инкишоф наёфтааст. Пас, ӯ маҷбур аст, то дуруст дарк кардани мафҳуми гуфта чанд маротиба пурсад.

Як маротиба худро ба ҷойи кӯдакатон тасавур кунед. Кореро анҷом дода натавонистед ва ё супориши додашударо сарфаҳм нарафтед, баргашта ба назди падаратон оед. Шумо хуб медонед, ки барои анҷом надодани амал шуморо ҷанг мекунанд, чӣ кор мекардед? Дар зеҳни худ чӣ месохтед?

Барои мисол аз мактаб кӯдак баҳои бад гирфтаасту бе ин ҳам аз баҳои ғайриқаноатбахши худ тамоман ғамгину нороҳат аст. Дар болои ин, ба хона меояд, ки аз ин хабари нохуб модар химчакро гирифта, рост меистад. Вазъиятро тасавур кунед: модар асабӣ, кудак гирён ва маъюсу ноумед ва бар замми ин мактабу муалимаи баҳои бад гузоштааш дар назараш шум.

Албатта, дар зеҳни хонандаи матлаб саволе ба миён меояд, ки боз барои баҳои 2 таҳсину офарин хонем? Ин амал низ ба ақл дуруст намеояд, аммо асабониятро каме бартараф карда худ ва кӯдакатонро ором намоеду баъди он, дар сари мизи дарстайёркунӣ ҳамроҳаш нишинед ва сабаби дугирияшро пурсед.

Боварӣ дорем, ки агар каме ёрӣ диҳеду масъалаи ҳалношударо иҷро намоед, ҳам кӯдак хурсанд мешавад ва ҳам дар дарси оянда баҳои бад ислоҳ мешавад. Чӣ хеле, ки дар урфият мегӯянд: “ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД