Баҳори соли 1993 ду оила хурсандӣ доштанд. Алалхусус, барои Шаҳром ва Гулноз рӯзи фаромушнашаванда буд. Онҳо ба висоли ҳамдигар расида, аҳди барпо намудани оиладорӣ бастанд.
Тӯй хеле хуб гузашт. Зиндагии ин ду навниҳоле, ки ба роҳи мустақилият нахустин бор қадам мезаданд, оғоз шуд. Шаҳром 5 бародар ва як хоҳар дошт. Дар хурдсолӣ падарашон дар садама ҳалок шуда буд. Модари ӯ танҳо ин 7 нафар фарзандро нигоҳубин мекард.
Шаҳром, ки писари калонӣ буд, бачаи бофаҳм, коргар ва кӯмакгари модар буд. Хушдомани Гулноз аз мушкилӣ ва машаққатҳои зиндагӣ таҷрибаи зиёд дошт. Келинашро бисёр насиҳат карда, ҳар коре, ки наметонист, меомӯзонд. Баъди чанд муддат маълум шуд, ки Гулноз якрав буда, ба шавҳараш гапгардонӣ мекунад. Ӯ кӯшиш мекард гапи худро гузаронад. Ин чиз боиси нофаҳмӣ дар оила мешуд ва занак қаҳру ноз карда, то як муддат нисбати шавҳар беэътиборӣ мекард.
Шаҳром, ки баъди вафоти падар бисёр ранҷ дида, комил шуда буд, ба эркагӣ ва нози ҳамсараш бардошт мекард, чун дар ҳамаи оилаҳо ҷангу нофаҳмӣ ҳаст. Ин зудгузаранда буд. Шаҳром дили занашро тез меёфт ва онҳо ҷангро зуд фаромӯш мекарданд, зеро онҳо аллакай якдигарро дӯст дошта буданд. Ин оилаи калон дастаҷамъона дар саҳро кор карда, зиндагиро аз ҳисоби деҳқонӣ пеш мебурданд.
Баъди 8 соли зиндагӣ, Гулноз ва Шаҳром соҳиби як духтару ду писар шуданд. Вале дар ин миён Шаҳром кори саҳроро ба бародаронаш вогузор намуда, азми сафари муҳоҷират кард. Пас аз чанд соли пурмашаққати муҳоҷирӣ, ӯ боз соҳиби фарзанд шуда, як бародарашро хонадор карда, худ хона хариду зиндагиашро дар ҳавлии нав давом дод.
Гарчанде онҳо соҳиби чор фарзанд шуда бошанд ҳам, Гулноз ҳамоно якрав буду ба як гапи Шаҳром ҳатман ду - се гап мегардонд, ё баъзан беэҳтиромӣ мекард. Дар набудани ту тарбияи фарзандон бар дӯши ман аст. “Худам танҳо азоб кашидам” ва боз ину он гӯён шикоят мекард. Шаҳром ҳарчанд мефаҳмонд, ки “ман ҳам бисёр мехоҳам бо фаразндонам бошам”, вале даромади мо аз ҳисоби муҳоҷират аст. Аз ҳамин сабаб маҷбурам, ки аз шумо якчанд муддат дур бошам”.
Гулноз инро намефаҳмид ва меҳрубониву меҳнатҳои шавҳарашро нодида мегирифт. Шаҳром, ки дар муҳоҷират бисёр азоб мекашид, ба қадри зиндагӣ расида, намехост аз занаш ҷудо шаваду фарзандонашро аз меҳри модар маҳрум созад. Таваллуди фарзанди панҷум Шаҳромро намегузошт, ки аз занаш ранҷур бошад ва ҳамеша ӯро мебахшид. Ӯ гоҳ як солу гоҳе якуним сол дар муҳоҷират буд. Дар ин муддат кӯшиш мекард фарзандонаш доимо серу пӯшида бошанд. Аммо ин зани беандешаву бадгумон ӯро озор дода, ҳатто туҳматаш мезад, ки “ту дар он ҷо мегардиву ман ин ҷо аз пайи зиндагиву тарбияи фарзандон ҳастам”.
Аз ин ҷангу ғурбатҳо косаи сабри Шаҳром лабрез шуда, минбаъд дар муҳоҷират, ду ва боре се сол низ истода буд, зеро ӯ дигар тоқати якравӣ, гапгардонӣ ва беэҳтиромии занашро надошт. Инчунин, намехост, ки пеши фарзандонаш бо Гулноз зуд - зуд муноқиша кунад. Бо вуҷуди ин ҳама, ӯро ба хотири фарзандон эҳтиром мекард ва нафақаи ӯ ва фарзандонашро таъмин мекард, чун ба хотири таъмини оила ба муҳоҷират мерафт.
Вақте ӯ дар хона буд дидори фарзандон шодаш карда, муҳаббаташро нисбати зиндагӣ зиёдтар менамуд, вале ҳамоно ин зани ношукр забони хормонанди худро ба ӯ мехалонд. Ҳатто рӯзи тӯйи духтарашон байни ҳарду нофаҳмӣ шуд. Сабаби ин ҳам бошад, якравӣ ва забондарозиҳои Гулноз буд.
Тӯй ҳам гузашт. Шаҳром, ки аз занаш дилхукун шуда буд, баъди чанде боз ба муҳоҷират рафт. Моҳҳо гузаштанд. Рӯзе аз писараш паём гирифт, ки наберадор шудааст. Аз хурсандӣ зуд тамос гирифта, муборакашон гуфт. Ин хабар Шаҳромро хеле руҳбаланд ва хушҳол кард.
Муттаассифона, рӯзе ҳангоми кор Шаҳром аз баландӣ афтиду ҳарду пояш шикаст. Бо кӯмаки бародарон ба хона баргашт. Ин як зарбаи сахт буд барои Шаҳром, зеро писари калонаш дар хизмати ҳарбӣ буду баъд аз адои хизмат нияти хонадор кардани ӯро дошт. Инчунин, се фарзанди дигараш мактабхон буданд. Ӯ, ки танҳо ноновари хона буд, бисёр фикр карда, зиқ мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, боз Гулнози беандешаву баддаҳон нисбаташ беэҳтиромиву нописандӣ мекард.
Ҳамсояҳо низ Гулнозро бад дида, аз ӯ норозӣ буданд, зеро фарзандҳояшро бисёр ҷанг мекарду гапҳои қабеҳ мезад. Дар вақти ғазаб фарзандону шавҳарашро дуои бад мекард.
Рӯзи Иди Қурбон аҳли деҳа хурсандӣ доштанд. Кӯчаҳо пур аз пиру ҷавон ва зану мард буд. Ҳар кас ба ҳар хонае медаромаду якдигарро табрик мегуфтанд. Модар ва якчанд ақрабои Шаҳром низ баҳри хурсандӣ ва табрики онҳо омаданд. Телефони модар садо баровард. Кампир гӯширо бардошту “ман дар як ҷо ҳастам, баъдтар сӯҳбат мекунем” гуфт. Гулноз низ ҳамон ҷо буд. Ӯ аз ин дар ғазаб шуду ба хушдоманаш “Барои чӣ намегӯед, ки ман дар хонаи писарам ҳастам?” гӯён дод зад. Бо ҳамин байнашон ҷанг шуду Гулноз ба хушдоманам “писари девона ва касалиатро гиру рав” гуфт.
Ин ҳарфҳо ба дили хушдоманаш сахт расиду ба Шаҳром гуфт, ки “агар пеш пеши ман наравӣ, аз ту рози намешавам”. Онҳо ба роҳ баромаданд. Тағои Шаҳром аз воқеа хабар ёфта, ба Гулноз занг заду садои телефонро баланд карда, бо ӯ суҳбат кард. Ин лаҳза Гулноз ҳар чӣ ба даҳонаш омад, дар ҳаққи падари фарзандон ва аҳли авлоди ӯ гуфт. Шаҳром низ садои ӯро мешунавид. Аз ин бадгӯиҳои занак косаи сабраш лабрез шуду ҷавоби Гулнозро дод.