Примадоннаи ӯзбек Юлдуз Усмонова аз зиёрати ҳаҷи умра карданаш хабар додааст. Ин сарояндаи машҳур дар саҳфаи фейсбукиаш чанд акси дар Маккаи Мукаррама гирифтаашро гузоштааст, ки ҳоҷибибӣ шудани Юлдузро тасдиқ менамоянд.
Солҳои охир зиёрат кардани хонаи Худо миёни сарояндагони Ӯзбекистон хеле зиёд ба назар мерасад. Чанде пеш боз як сарояндаи дигари маҳбуби ӯзбек Севинч Муминова, ки дар Тоҷикистон шӯҳрати зиёд дорад, аз ҳаҷ карданаш хабар дода буд.
Ҳаҷ кардани Юлдуз Усмонова дар ҳоле сурат мегирад, ки мавсуф 59-солагии худро дар Макка ҷашн мегирад.
Юлдуз Усмонова 12 -уми декбари соли 1963 дар Марғилони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Урайимоҳун Усмонов ҳунарманд ва модараш Раҳима Акбарова дӯзанда будааст. Волидонаш гӯё аз ояндаи дурахшони духтарашон огоҳ буданд, ки ӯро Юлдуз ном ниҳоданд. Тарҷумаи номи Юлдуз аз забони ӯзбекӣ ситора буда, ин бонуи булбуловозу ҳунарманд ба маънои томаш ситора аст, зеро Юлдуз Усмоноваро натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар кулли Осиёи Марказӣ ҳамчун ситора ва примадона эътироф мекунанд. Духтари Юлдуз Усмонова-Нилуфар Усмонова низ роҳи модарро пеш гирифта, аллакай дар байни сарояндагони ӯзбек мавқеи худро пайдо намудааст, вале шӯҳрату маҳбубияте, ки худи Юлдуз дар байни алоқамандони суруду мусиқӣ дорад, беҳамто ва қиёснашавнада мебошад. Қариб ҳамаи сурудҳои Юлдуз Усмонова ба зудӣ дар байни мардум паҳн гашта, хурду калон дар ҳавои ин таронаҳои дилангез мерақсанду меболанд. Ин овозхони нотакрор бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, туркӣ, ва қазоқиву туркманӣ суруд хонда, ба ин васила сафи мухлисони худро торафт зиёдтар месозад. Юлдуз Усмонова ҳамчунин дар васоити ахбори оммаи Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ бо вокуниш ва танқидҳои худ зуд-зуд намоён мешавад ва нотарсию ҷасорату фошгӯияш ӯро машҳуртар гардонидааст.
Истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Фейсбук зиёрати Хонаи Худо кардани Юлдуз Усмоноваро хуш пазироӣ намуданд. Дар шаҳри зери аксҳо мухлисони тоҷику ӯзбекаш сарояндаро муборакбод намуда, дуо кардаанд, ки ҳаҷҷаш ба даргоҳи Худовнад қабул гардад.