Ярмаркаи ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирони ба Ватан баргашта
91

Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 4-уми декабри соли равон ярмаркаи калони ҷойҳои холии кориро ташкил мекунад.

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар IT Park-и Душанбе баргузор гашта, мақсади асосии он дастгирӣ ва бо кор таъмин намудани муҳоҷирони ба Ватан баргашта, ҷавонон ва занон мебошад.

Дар доираи ин чорабинӣ баргузор намудани суҳбату вохӯриҳои ҷолиб бо корфармоён ва гирифтани машварати ройгон оид ба муҳоҷират ва роҳҳои дарёфти кор дар кишварҳои хориҷӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ярмарка марказҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ ширкат варзида, ба муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва дигар корҷӯён ҷойҳои хуби кориро пешниҳод менамоянд.

Дар маҷмуъ, дар ин чорабинӣ ҳудуди 100-150 корхонаҳои давлатӣ, хусусӣ ва таълимӣ ширкат меварзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД