Alif Intiqol
ЯРМАРКАИ МАКТАБӢ: 500 СОМОНӢ БА ЯК КӮДАК НАМЕРАСАД?
728

Дар кам будани харидор пандемия гунаҳкор ё бепулӣ?

Ҳамасола дар моҳи август ташвиши падару модарон дучанд мегардад, зеро омодагӣ ба мактаб оғоз ёфта, аксари волидон дар фикри чи тавр ва аз куҷо дастрас намудани сару либос ва лавозимоти мактабии арзон ва хушсифат меафтанд.

Ба хотири фаҳмидани қиммати лавозимоти хониш ва сару либоси мактабӣ мо роҳи “Ярмаркаи мактаби”-ро пеш гирифтем, ки дар боғи Куруши Кабир (дар наздикии театри опера ва балели ба номи Садриддин Айнӣ) ташкил шудааст.

Харидорон аз пандемия метарсанд?

Ростӣ, то расидан ба “Боғи Куруши кабир” гумон доштам, ки дар ин вақту соат харидорон аз мӯйи сар ҳам зиёданду ҷойи сӯзанпартоӣ намеёбӣ, вале ғайри чашмдошт ярмарка камодам буд. Аҳён-аҳён харидорон бо писару духтарҳояшон ба ярмарка омада, сару либос ва лавозимоти мактабӣ интихоб менамуданд. Диққати маро ҷавонзани хушсимои тахминан 30-солае ба худ ҷалб намуд, ки бо ҳавас домон ва куртаи сафеди мактабиро ба духтарчаи фатиламӯяш мепӯшонд.Зулқадаи хурдакак 7-сол дошта, бори аввал ба мактаб меравад, аз ҳамин хотир барои харидани сару либоси мактабӣ ҳамроҳи модараш ба ярмарка омадааст. Гулнора, модари Зулқада 4 фарзанд дорад ва ду нафарашон мактабхон ҳастанд. Шавҳараш дар бозор бор мекашонаду имконияти якбора барои ҳарду фарзандаш либоси мактабӣ харидан надорад, аз ҳамин хотир Гулнора имрӯз ҳамроҳи духтарчаи дуюмаш Зулқада ба ярмарка омадааст, то барояш либоси мактабӣ бигирад, чунки ӯ имсол ба синфи 1 меравад.

Гулнора мегӯяд, дар давраи кӯдакии онҳо падару модарон бо табъи худ барои фарзандонашон либос мехариданд, вале акнун замона дигар шуда, мактаббачаҳо бо табъу завқи худашон сару либоси мактабӣ интихоб мекунанд.

Гулнора куртаи сафедро бо нархи 75-сомонӣ ва либоси болоӣ-сарафанро бо нархи 80 сомонӣ харидааст. Барои харидани пойафзол, ҷузвдон, қаламу дафтар ва лавозимоти дигари мактабӣ тахминан боз 300-350 сомонии дигар сарф мешавад. Аз назари Гулнора сару либоси мактабӣ дар ярмарка нисбат ба бозор арзонтар аст, вале аз чи бошад, ки харидорон кам ба назар мерасанд.

Ковид-19ва бепулӣ савдоро кушт

Яке аз фурӯшандагони ярмарка, ки худро Дилшод муаррифӣ намуд, сабаби кам будани харидоронро дар бепулӣ тарс аз Ковид-19 медонад.

-Имсол харидорон нисбат ба солҳои пешин камтаранд. Ба гумони ман мардум аз ковид метарсанд, гурӯҳи дигар бошанд, барои харидани сару либоси мактабӣ маблағ надоранд. Аз касе пӯшида нест, ки аксари тоҷикон зиндагии худ ва аҳли оилаашонро аз ҳисоби мардикорӣ дар Русия пеш мебурданд, вале бо сабаби бисёр қиммат будани нархи чиптаи ҳавопаймо имсол аксари муҳоҷирон натавонистанд ба Русия раванд. Албатта ҳар кас мехоҳад барои фарзандаш беҳтарин либоси мактабиро харидорӣ намоянд, вале бепулию бекорӣ ба волидон имкон намедиҳад, ки сари вақт барои кӯдаконашон сару либос ва лавозимоти мактабӣ бихаранд,-мегӯяд Дилшод.

Фурӯшанда зимни сӯҳбат бо мо иқрор шуд, ки бо сабаби низоъҳое, ки чанде пеш дар марзи Тоҷикисон ва Қирғизистон рӯй доданд, имсол аз ин кишвар либоси мактабӣ ворид карда натавонистанд, аз ҳамин сабаб бо фурӯши маҳсулоти ватанӣ мағшуланд ва ҳамзамон баъзе либосҳои мактабии истеҳсоли Туркияро, ки пеш аз баста шудани роҳҳо оварда буданд, бо нархҳои арзон ба харидорон пешкаш карда истодаанд.

Нархи либос ва лавозимоти мактабӣ

Ба гуфти Фирӯза-фурӯшандаи дигари ярмарка нархи куртаи сафеди мактабӣ барои хонандагони синфҳои поёнӣ-1-4 аз 50 то 100 сомониро ташкил медиҳад. Домон-юбкаи кӯдакона 50-80 ва серофан 80-120 сомонӣ арзиш дорад. Лентаҳои ороишӣ барои мӯйи духтарчаҳо аз 15 то 30 сомонӣ, калготки 20-35 сомонӣ ва либоси таҳпӯш-майкача аз 15 то 25 сомонӣ азиш дорад. Либоси хонандагони синфҳои болоӣ нисбатан гаронтар буда, маъмулан нархи куртаи сафеди духтарона аз 100-120 сомонӣ шурӯъ мешавад. Серофан ва домон-юбка барои духтарони синфҳои 7-10 тахминан 150-300 сомонӣ арзиш доштааст. Қиммати шиму костюм барои писарчаҳои синфҳои 1-4 аз 250 то 300 сомонӣ ва барои хонандагони синфҳои болоӣ аз 350 то 700 сомониро ташкил медиҳад.

Қимат бе ҳиммат нест

Ногуфта намонад, ки қиммати маҳсулот аз сифати он сахт вобастагӣ дорад. Молҳои туркӣнисбат ба либосҳое, ки дар Чин, Тоҷикистон ва ё Ӯзбекистон истеҳсол шудаанд, қиматтаранд, вале тавре ки харидорон мегӯянд, бори туркӣ қиммат бошад ҳам, бе ҳиммат нест ва харидор фиреб намехӯрад, чунки сифати маҳсулоти аз Туркия омада баланд буда, ду-се сол хизмат мекунад.

Бой нестем, ки либоси арзон харем!

Яке аз фурӯшандагон, ки ба савдои сару либоси бачагонаи мактабӣ машғул аст, бо шарти ифшо накардани ному насабаш зимни сӯҳбат бо мо чунин изҳори андеша намуд:

-Ман се намуд либос дорам-туркӣ, тоҷикӣ ва узбекӣ. Нархи як шиму костюми истеҳсоли Тоҷикистон ё Ӯзбекистон барои синфҳои поёнӣ 250-280 сомонӣ аст, бори Туркия тахминан 100-150 сомонӣ қимматтар бошад ҳам, сифаташ фарқ мекунад. Амрикоиҳо мақоли аҷибе доранд: “Мо чандон бой нестем, ки либосҳои арзон харем!” Ин масали халқии амрикоӣ як ҷаҳон маънӣ дорад. Вақте ки либоси арзонро мехаред, он дар муддати кӯтоҳ сифаташро аз даст дода, пат мебарорад ё рангаш тағйир меёбад ва маҷбур мешавед, ки дар нимаи сол дубора пул сарф карда, боз як либоси дигар бихаред. Либоси қиммат бошад, сифати хуб дорад ва шумо метавонед онро соли дигар ба фарзанди хурдиатон пӯшонед. Ҳамин тавр як либоси мактабӣ 2-3 сол хизмат мекунад.

“Албатта хуб аст, ки истеҳсоли сару либоси ватаниро ба роҳ монданд, вале Тоҷикстандарт бояд сифати маҳсулотро ҷиддӣ назорат намояд”-таъкид намуд дар охир ҳамсӯҳбати мо.

Қарз гирифтам

Мустафо аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳи зану фарзандонаш ба ярмарка омадааст. Онҳо соҳиби ду духтару як писар буда, ду фарзандашон мактабхон ҳастанд, Мустафо мегӯяд:

-Ман ҳам мисли дигар ҷавонмардони тоҷик ҳар сол ба Русия ба мардикорӣ мерафтам ва зиндагиамро аз ҳамин ҳисоб пеш мебурдам, вале имсол нархи чиптаи ҳавопаймо якбора ба осмони ҳафтун дакка хӯрда, то 10-14 ҳазор сомонӣ расид, аз ҳамин сабаб ба Русия рафта натавонистам. Кӯшиш кардам, ки дар ҳамин ҷо ягон кори муносиб ёбам, лекин нашуд. Ночор аз як дӯстам 7-ҳазор сомонӣ қарз гирифта, чипта харидам. Ба наздикӣ бояд ба Русия парвоз кунам, барои ҳамин имрӯз фарзандонамро ба ярмарка овардам, то сару либос ва дигар лавозимоти мактабиашонро харида дилпур шавам. Гумон доштам, ки ҳазор сомонӣ ба ду мактаббача мерасад, вале баъди тамошои ярмарка ба хулсае омадам, ки танҳо барои писарам, ки дар синфи 7 мехонад, тахминан 700 сомонӣ сарф мешавад. Боварӣ надорам, ки 300 сомонии боқимонда барои духтарам, ки дар синфи 4 мехонад, кифоят кунад.

Чузвдон аз 70 то 200 сомонӣ

Нархи ҷузвдон-сумкаи мактабӣ аз 70 то 200 сомониро ташкил медиҳад.

Мунира, сокини ноҳияи Шҳмансур барои писарчааш, ки имсол ба синфи 1 меравад, ба 100-сомонӣ ҷузвдон харидааст ва мегӯяд барои ӯ хурсандии фарзандаш аз ҳама чиз болотар меистад. Ба андешаи ин зан, сару либос ва пойафзоли хушсифат харидан хоҳӣ, 500-сомонӣ барои як кӯдак кифоят намекунад. Мунира барои сару либос ва лавозимоти мактабии писарчааш 700 сомонӣ сарф карданист, вале ба гуфти худаш, хароҷоташ аз ин ҳам бештар шуда метавонад.

Пойафзол 100-сомонӣ, вале чарми тоза аст

Ганҷина ба фурӯши пойафзол машғул аст. Дар дӯкони ӯ ҳам барои хонандагони синфҳои поёнӣ ва ҳам барои синфҳои болоӣ пойафзоли мувофиқ пайдо кардан мумкин аст. Қиммати пойафзол аз 100-сомонӣ оғоз меёбад, вале ба гуфти Ганҷина тамоми маҳсулот истеҳсоли ватанӣ буда, ба нархаш арзанда аст, чунки аз чарми тоза тайёр шудааст.  

-Ман ба падару модарон маслиҳат медиҳам, ки сару либосро арзонтар харанд ҳам, дар хариди пойафзол ҳушёр бошанд. Кӯдакон рӯзи дароз даву тоз мекунанд, аз ҳамин хотир ба бачаҳо пойафзоли хушсифат харидан лозим аст, то ки мӯҳлати дароз хизмат намояд. Ба харидорон гуфтаниям, ки ба хотири кӯмак ба волидон мо нархи маҳсулотро 30% арзон кардем. Фурсатро аз даст надода биёянд ва пойафзоли хушсифати чармиро бо нархи арзон харидорӣ намоянд, то ки фарзандонашон тамоми сол роҳат бошанд,-мегӯяд Ганҷина.

Ҷӯроб-арзонтарин маҳсулоти ярмарка

Дилноза ба сифати назоратчӣ кор мекунад. Ин духтараки чеҳрахандонро мо дар дӯкони ҷӯробфурӯшӣ пайдо кардем. Ба ақидаи Дилноза ҷӯроб як чизи назарногир намояд ҳам, дар асл бари инсон, хоса барои кӯдакон бисёр зарур аст. Нархи ҷӯроб дар ярмарка аз ҳама арзон буда, ҳамагӣ 3-4 сомонӣ аст. Волидон ба 20-сомонӣ ба фарзанди худ 5-6 ҷуфт ҷӯробҳои хушсифат харида метавонанд.

Нархи дафтару қалам тағйир наёфтааст

Дафтари оддӣ мисли солҳои пешин 50 дирам арзиш дорад. Албом барои расмкашӣ аз 3 то 8 сомонӣ, ҳисобкунак-счёт 8-10 сомонӣ, пластилин то 15-20 сомонӣ ва ҳамин тавр ба гуфти фурӯшандагон дар маҷмӯъ барои харидани маводҳои хониш (ба ғайр аз ҷувздон) тахминан 70-120 сомонӣ сарф мешавад.

Агар 4 фарзанди мактабхон дошта бошед....

Серфарзандӣ барои тоҷикон як падидаи маъмулӣ буда, новобаста ба талошҳо барои танзими оила то ба ҳол аксари хонаводаҳо ҳадди ақал 4 фарзанд доранд. Фосилаи байни тавлиди фарзандон кам ва ҳама пай дар пай мактабхон шуда бошанд, харидани сару либоси мактабӣ барои падару модар хеле гарон меафтад. Имрӯз ба ҳисоби миёна барои ба мактаб омода намудани як кӯдак аз 500 то 1000 сомонӣ маблағ лозим аст. Оила 3-4 фарзанди мактабхон дошта бошад, барои харидани либос ва лавозимоти мактабӣ аз 2000 то 4000 сомонӣ лозим мешавад. Ин дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақал ҳудуди 600 сомониро ташкил медиҳад.

Айнию Турсунзода шиму костюм надоштанд, вале..

Маслиҳати мо ба волидоне, ки имкони харидани либоси мактабиро надоранд, он аст, ки либосҳои мактабии фарзандонашонро тозаву озода нигоҳ доранд, зеро дар сурати нарасидани маблағ барои хариди либоси мактабӣ як либосро ду-се сол истифода бурдан ё либоси фарзандони калониро ба фарзандони хурдӣ пӯшонда, онҳоро ба мактаб равон кардан мумкин аст. Аз ҳама муҳимаш ба фарзандонатон талқин намоед, ки сару либос не, балки донише, ки онҳо дар мактаб мегиранд, муҳим аст.

Барои харидани либоси нави мактабӣ имкнияти молӣ надошта бошед, озурда нагардед, зеро Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғаффуров ва дигар бузургони миллати мо бо челаку ҷомаҳои нимдошт ва даридаю нимдарида дар назди чароғи керосинӣ китоб хонда, ба қуллаҳои баланди илм ва фарҳанг расиданд, фарзандони шумо ҳам метавонанд ҳатто бо либосҳои хеле оддӣ ганҷи донишро ҷамъ оварда, шахсиятҳои шинохта ва номдор гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Хронос 2021-09-02, 03:36
Аппараты голосообразующие АГ-2000 (поставляются по госзакупкам) - в наличии Рецистрационное удостоверение. 1. Облучатель ультрафиолетовый для лечения кожных заболеваний "УЛЬТРАМИГ"-311Р (расческа) - в наличии Рецистрационное удостоверение. (ХИТ ПРОДАЖ) 2. Облучатель ультрафиолетовый для лечения кожных заболеваний "УЛЬТРАМИГ"-311 - в наличии Рецистрационное удостоверение. 3. Облучатель ультрафиолетовый для лечения кожных заболеваний "УЛЬТРАМИГ"-302 - в наличии Рецистрационное удостоверение. Также производим: Рециркуляторы бактерицидные модели от "УЛЬТРАМИГ"-312 - 11 Ватт до "УЛЬТРАМИГ"-321 - 120 Ватт. - оформляется Рецистрационное удостоверение. Продаем в розницу и любым оптом. Вся информация на сайте. С уважением, ООО "Хронос" e-mail: [email protected] Санкт-Петербург, Петергофское шоссе, 73. Тел.: +7 921 339 59 09 Сайт www.agsvv.ru
Посух
Palladium Boot 2021-09-03, 17:21
Official Palladium Boots Online Shop For almost a century, Palladium Boots has been about adventure and discovery. Discover the Palladium shoes collection. Join us. Put your boots on and go exploring. 100% Safe Personal Info Guarantee. Palladium does not sell, rent or trade any personal information you provide to us online or at our stores, nor do we share such information with third parties. https://www.palladiumegypt.com/ https://www.facebook.com/palladiumegypt https://www.instagram.com/palladium_egypt/ [email protected] +20 100 390 5492
Посух
Griggoryana 2021-09-05, 07:29
- Упали позиции сайта? - Снизился трафик на сайт? - Атакуют боты? - Ухудшился поведенческий фактор? - Нет заказов? - Не знаете что делать с новым алгоритмом Яндекса? Мы поможем! Скорее пишите мне на [email protected] Компания с многолетним успешным опытом работы
Посух
Сергей 2021-09-08, 02:49
Соберем базу клиентов Ваших конкурентов. Любые таргеты за любой период. На сегодняшний день это самый эффективный инструмент привлечения клиентов! Быстро получите горячих клиентов с рекордной окупаемостью. Они уже ищут ваш продукт и сравнивают решения. ^Без рекламы и маркетинга. ^Без прогревов и воронок. -Клиенты в несколько раз дешевле, чем вы платите сейчас. -Об этом инструменте не знают ваши конкуренты. Подробное описание - https://profitsales.org/KP_Profit_Sales_Hashs.pdf Контакты - https://t.me/crmdevelopers 4 примера использования нашего инструмента: 1. Получить постоянных клиентов конкурента. Кому подходит: любой бизнес с периодическими покупками (логистика, B2B продажи, IT, SEO продвижение, сервисные центры, фитнес-клубы, образование, медицина, стоматология, производство, салоны красоты, страхование, типография) Собираем базу тех абонентов, кто звонил Вашему конкуренту за последние 12 месяцев. Накладываемые таргеты: - Не менее 6 звонков (основной критерий постоянности клиента) - ГЕО работы Вашей компании Работа с отжатием постоянных клиентов у конкурентов. Просто дайте пару поставок по нулям, а дальше накручивайте процент. 2. Перехватить клиентов, которые прямо сейчас сравнивают предложения. Кому подходит: любой бизнес с циклом сделки от 14 дней (сложные продукты, оптовые компании, агентства недвижимости, образование, строительные компании) Собираем базу тех абонентов, кто звонил Вашему конкуренту за последние 14 дней. Накладываемые таргеты: - Не менее 1 исходящего звонка на один из номером конкурентов - ГЕО работы Вашей компании - Пол, возраст Вашей ЦА Работа с максимально горячим спросом. В этой выборке все клиенты находятся на этапе выбора поставщика. 3. Получить абонентов с формирующимся спросом. Кому подходит: любой бизнес с высокой конкуренцией (юридические услуги, медицина, СТО, страхование, логистика, агентства недвижимости) Собираем базу тех абонентов, кто заходил на сайт не менее чем к двум Вашим конкурентам, но не звонил по их телефонным номерам. Накладываемые таргеты: - Не менее 1 исходящего звонка на один из номером конкурентов - ГЕО работы Вашей компании - Пол, возраст Вашей ЦА Посещение сайта - самый холодный сегмент, но самый неконкурентный. В этом случае работа идет не с горячим спросом, а с тем, который еще не сформировался. 4. Получить клиентов конкурента с учетом ГЕО. Кому подходит: любой бизнес с периодическими покупками, где важно ГЕО (фитнес-клубы, образование, медицина, стоматология, салоны красоты) Собираем базу тех абонентов, кто звонил Вашему конкуренту за последние 12 месяцев. Накладываемые таргеты: - Не менее 1 исходящего звонка на один из номером конкурентов - Абонент с 01:00 до 07:00 находится в радиусе 3-5 км от Вашей точки - Пол, возраст Вашей ЦА Все номера телефонов передаем в зашифрованном виде. Так же можем настроить предиктивный набор и внедрить amoCRM. Поторопитесь, пока Ваши конкуренты не опередили Вас! Контакты https://t.me/crmdevelopers Подробное описание - https://profitsales.org/KP_Profit_Sales_Hashs.pdf
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД