Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки аз 1 то 7-уми январ хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ истироҳат мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷадвали нави таътил бо қарори Ҳукумати кишвар аз 28-уми марти соли 2024 тасдиқ шудааст. Гуфта мешавад, ки камшавии рӯзҳои таътили тирамоҳу зимистон ва баҳории хонандагони мактаб дар Тоҷикистон аз ҳисоби зиёд кардани таътили тобистона сурат мегирад.
«Бо дарназардошти ин тағйирот, шумораи ҳафтаҳои таҳсил аз 36 то 35 ҳафта кам шуд. Дар ҳамин замина, чоряки чаҳорум на 14-уми июн, балки 31-уми май ба охир мерасад. Мувофиқи ин, таътили тобистона дар Тоҷикистон аз 1-уми июн оғоз меёбад»,- иттилоъ дод Вазорати маориф ва илм.
Соли хониш бе назардошти ҷамъбаст дар соли таҳсили 2024-2025 35 ҳафта ва барои хонандагони синфҳои якум 34 ҳафта давом мекунад. Ҳамин тавр, таътили тирамоҳ аз 1 то 7-уми ноябр, зимистон аз 1 то 7-уми январ ва баҳор аз 25 то 29-уми март идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан хонандагон дар давраи таътилҳои тирамоҳу зимистон ва баҳор 10 рӯз - аз 1 то 10-уми ноябр, аз 1 то 10-уми январ ва аз 21 то 31-уми март истироҳат мекарданд.