Дар оила 4 духтарем. Модарам ғамғин мешуданд, ки писар надоранд, вале падарам марди бофаҳм буданд ва шукронаи мо-духтарҳояшонро менамуданд.
Ба апаи калониям Зебӣ хостгор омаду падарам «инсонҳои хуб менамоянд» гӯён, розигӣ доданд. Рӯзи тӯйи апаам зани амакам Оиша ба модарам гуфт, ки ҳомиладор аст ва мехоҳад тифли батнашро гирифта партояд, чунки синнаш ба 40 расидаасту 3 писару 1 духтар дорад. Модарам ба янгаам гуфтанд, ки ба хуни фарзандаш зомин нашавад, агар кӯдак ба вай лозим набошад, беҳтараш таваллуд карда ба мо диҳад. Янгаам хурсанд шуда, ваъда доданд, ки баробари ба дунё омадан тифлакро ба мо медиҳанд.
Ба бахти мо тифл писарча будааст. Модарам «мо аз ту як умр қарздорем» гуфта, ҳар чизи ёфтаашонро ба янгаи Оиша медоданд ва сад бор садқаю бандааш мешуданд. Додаракамонро Масрур
ном гузошта, волидонам ба шарафи писардор шуданашон тӯй доданд. Пас аз 40 рӯзагии Масрурҷон падарам шаҳодатнома гирифта, кӯдакро расман ба номи худашон гузаронданд. Ҳама хурсанду шод будем, вале тақрибан 4 моҳ пас ба мо хабар доданд, ки янгаи Оиша бемор шудааст. Модарам Масрурҷонро гирифта ба аёдати янгаам рафтанд ва то бегоҳ он ҷо монданд. Янгаам зорӣ кардааст, ки пас аз ду рӯз боз биёянд. Модарам одами беморро чашминтизор кардан нахоста ду рӯз пас боз дар зери борон бачаро бардошта хонаи амакам рафтанд. Ҳамон рӯзи наҳс янгаам «Масрурҷони маро набаред» гуфта, худро беҳуш вонамуд мекунаду дили модарам ба ҳолаш сӯхта, шабро ҳамон ҷо рӯз мекунанд. Пагоҳ, пас аз наҳорӣ ба хона баргашт мехоҳанд, аммо янгаи Оиша боз доду фиғон бардошта «бачаамро набаред» мегӯяд. Ҳамсояҳояшон ҳам янгаамро тарафдорӣ мекунанд. Модари гирёнам чӣ кор карданашонро надониста ба падарам занг мезананд ва асли воқеаро мефаҳмонанд. Падарам ғамгин шуда «кӯдакро мону ба хона баргард» мегӯянд. Модарам Масрурҷонро бӯсида ба дасти модараш медиҳанд ва бо чашми гирён аз дари амакам мебароянд. Вақте ки ба хона омаданд, чашмонашон аз гиря варам карда буд. Мо баробари модарам гиристем. Ҳафтае пас ба аёдати Масрурҷон рафтем. Янгаи Оиша хандон ба коре машғул буд, моро дида, авзояш беҷо шуд ва қошу қавоқ гиронда гуфт: «Мебахшед, лекин мо фарзандамонро ба шумо дода наметавонем!» Модарам гирён шуда гуфтанд: «Ман ҳамин қадар сол писар надоштам, вале дарди беписариро ин қадар сахт ҳис намекардам, вале ту бо ин маймунбозиат маро бе корд куштӣ, Оиша! Кӯдакат, ки бароят ин қадар азиз буд, барои чӣ дар ду-се рӯзагиаш нагирифтӣ, ки ман ба вай ин қадар сахт дил набандам.
Ту бо беаҳдиат маро девона кардӣ, мефаҳмӣ ё не?!» Ҳамаамон баробари модарам гирён шуда, бо дили ҳазин ба хонаамон баргаштем. Аз афташ дили Худованд ҳам ба ҳоли зори модарам сӯхт, ки рӯзи дигар ба мо писарчаи зебоеро ҳадя кард. Апаам писарчадор шуд. Мақсад аз ифшои ин роз ҳамин аст, ки модарон пеш аз фарзандашонро ба касе додан нағзакак андеша намоянд, то зани дигареро навмед ва гирёну нолон насозанд. Кӯдак лӯхтак нест, ки ҳар гоҳ дилат хост, онро ба касе ҳадя кунӣ ва боз ҳар гоҳ дилат хост, дубора кашида бигирӣ. Модаре, ки бо ранҷ тифлро мепарварад, на камтар аз модаре, ки нӯҳ моҳ дар батнаш ӯро гирифта гаштааст, он кӯдакро дӯст медорад. Навмед намудани чунин модар гуноҳест нобахшиданӣ! Беҳуда нагуфтаанд:
Дил ба даст овард, ки ҳаҷҷи Акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст!
Шаҳноз