goodwell
Як занро бо 47 каляни электронӣ дастгир карданд
12.10.2026
Оила
68

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як зан ҳангоми фурӯши чилимҳои электронӣ ба ноболиғон аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардид.
Ба иттилои мақомоти милитсия, Имомалиева Моҳира, сокини 39-солаи пойтахт, зимни ба фурӯш гузоштани чилимҳои электронӣ ба ноболиғон аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дастгир карда шудааст.
Зимни санҷиш аз номбурда 47 адад чилими электронӣ дарёфт ва мусодира гардидааст.
Дар робита ба ин ҳолат нисбати Имомалиева М. тибқи моддаи 463 иловаи 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба ӯ ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима татбиқ шудааст.
Мақомоти милитсия аз волидон даъват менамоянд, ки назорати фарзандони худро тақвият бахшида, барои пешгирии истеъмол ва истифодаи маводи зараровар аз ҷониби ноболиғон чораҳои зарурӣ андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД